Год: 2017

  • Ҳуқуқ ба меҳнат ва интихоби касб

    1. Ҳуқуқ ба меҳнат ва интихоби касб: мафҳум, аҳамият Ҳуқуқ ба меҳнат дар низоми ҳуқуқҳои иқтисодӣ мавқеи махсусро ишғол менамояд. Вай ба одам имконият медиҳад, ки меҳнат кунад ва подоши меҳнати худро гирад. Меҳнат талаботи аввалиндараҷаи инсон, манбаи соҳиб шудан ба некӯаҳволии моддӣ ва моликият мебошад. Ҳуқуқ ба меҳнат ва…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқ ба моликият

    1. Ҳуқуқ ба моликият ва мерос: мафҳум, аҳамият Нахустасоси ҳамагуна ҷомеа ва давлати демократӣ ҳуқуқи моликияти хусусӣ аст, бинобар ин инкишофи худи институти моликияти хусусӣ ва таҳкимбахшии кафолатҳои ҳуқуқи мазкур аз ҷониби давлат шарти зарурии амалишавии ислоҳотҳои ҳозираи иқтисодӣ мебошад. Ҳуқуқи моликияти хусусиро дар адабиёт ҳамзамон ҳам чун ҳуқуқи иқтисодӣ,…

    Муфассалтар »
  • Тавсифи умумии ҳуқуқҳо ва озодиҳои иқтисодӣ

    1. Ҳуқуқҳо ва озодиҳои иқтисодӣ: мафҳум, мундариҷа Ҳуқуқҳо ва озодиҳои иқтисодӣ гурӯҳи махсуси ҳуқуқҳои инсон мебошанд, ки дар соҳаи муносибатҳои истеҳсолӣ амалӣ мешаванд; дар соҳаи меҳнат ва моликият, яъне дар соҳаи иқтисодии фаъолияти ҳаётии ҷомеа ва давлат вусъат пайдо мекунанд. Ҳуқуқҳои иқтисодӣ ҳуқуқҳои асосии аз ҷониби умум эътирофшудаи инсон мебошанд.…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқи муроҷиат кардан ба мақомоти давлатӣ

    1.Ҳуқуқи муроҷиат кардан: мафҳум, хусусиятҳои амалишавӣ Ҳуқуқи муроҷиат кардан ба мақомоти давлатӣ ё ҳуқуқи петитсия яке аз ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсии инсон ва шаҳрванд, омили муҳими рушди демократии мамлакат мебошад. Муроҷиат (петитсия) шакли махсуси таъсиррасонӣ ба равандҳои идоракунӣ дар давлат аст. Онҳо ба мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ирсол…

    Муфассалтар »
  • Озодии сухан, матбуот, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор

    1.Мафҳум ва аҳамияти озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор Байни ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсии шаҳрвандон озодии сухан мавқеи махсусро ишғол карда, яке аз муҳимтарин ҳуқуқҳои конститутсионии инсон маҳсуб мешавад. Озодии сухан аз назорати идеологии давлат озод будани ҳар кас, имконияти ошкоро (хаттӣ, шифоҳӣ, бо истифодаи воситаҳои ахбори омма)…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқи иштирок дар ҷамъомадҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта

    1.Ҳуқуқи иштирок дар ҷамъомадҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта: мафҳум, хусусиятҳо Ҳуқуқи иштирок дар ҷамъомадҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта унсури муҳими ҳокимияти халқӣ, ҳуқуқи асосии сиёсии инсон ва шаҳрванд аст. Ҳар инсон бояд имконият дошта бошад, ки фикри худро оид ба масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ ба таври инфиродӣ…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқи муттаҳидшавӣ

    1. Ҳуқуқи муттаҳидшавӣ: мафҳум, аҳамият Ҳуқуқи муҳими сиёсӣ, ки ба иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ муносибати бевосита дорад, ҳуқуқи ба ҳар кас кафолатдодашудаи муттаҳидшавӣ бо фарогирии ҳуқуқи таъсис додани иттифоқҳои касаба барои ҳимояи манфиатҳои худ мебошад. Ин ҳуқуқ, ки ҳамчунин чун озодии иттиҳодияҳо ва ассосиатсияҳо маъруф аст, ба шаҳрвандон имконияти…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат

    1.Ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат: мафҳум, аҳамият Ҳуқуқи иштирок дар идоракуни давлат ва корҳои ҷамъиятӣ принсипи бунёдии муносибатҳои байниҳамдигарии давлат ва шаҳрвандони он ва яке аз муҳимтарин ҳуқуқҳои сиёсӣ аст. Иштироки бевоситаи шаҳрвандон дар идоракунии корҳои давлатӣ бо роҳи ифодаи раъи онҳо дар интихобот ва раъйпурсиҳо, инчунин…

    Муфассалтар »
  • Тавсифи умумии ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсӣ

    1.Мафҳум ва аҳамияти ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсӣ Ҳуқуқҳо ва озодиҳо аз ҷониби одамон дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҳаётии ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар соҳаи сиёсӣ, амалӣ гардонида мешаванд. Озодиҳои сиёсӣ дар низоми ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд гурӯҳи алоҳидаро ташкил дода, ҳамчун махсусияти ҷудонопазири ҷомеаи мутамаддин баромад мекунанд.…

    Муфассалтар »
  • Озодии ҳаракат ва интихоби ҷои зист

    1. Ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва интихоби ҷои зист Ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва интихоби ҷои зист яке аз ҳуқуқҳо ва озодиҳои муҳимтарини шахсии (шаҳрвандии) одам аст. Он як навъ имконияти бемонеа ҳаракат кардан, ҷои рафт ва зист интихоб кардани одам дар қисмати дилхоҳи давлат, ҳамчунин тарк кардани мамлакат ва…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ ва ёрии ҳуқуқӣ

    1. Асоси меъёрӣ-ҳуқуқии ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ ва ёрии ҳуқуқӣ Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалкунанда буда, самтҳои фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатӣ: иҷроия, қонунбарор ва судиро муайян менамоянд. Вазифаи асосии ҳокимияти судӣ ҳимоя ва барқарорсозии ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи инсон мебошад. Дар ҳама гуна давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди замони…

    Муфассалтар »
  • Озодии виҷдон ва эътиқод

    1.Мафҳуми “озодии виҷдон ва эътиқод” Эълом доштани озодии виҷдон ва эътиқодро аз ҷумлаи музаффариятҳои муҳимтарини инсоният медонанд. Ҳар як давлати ҳозираи демократии ҳуқуқбунёд пеш аз ҳама озодии виҷдонро таҳким бахшида, кафолат медиҳад. Озодии виҷдон яке аз ҳуқуқҳои асосии шахсии (шаҳрвандии) инсон буда, озодии шахсият аз ҳама гуна назорати идеологӣ, ҳуқуқи…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқ ба ҳаёти хусусӣ

    1. Тавсифи умумии ҳуқуқ ба ҳаёти хусусӣ Ҳуқуқ ба дахлнопазирии ҳаёти хусусӣ яке аз ҳуқуқҳои шахсии (шаҳрвандии) инсон буда, ба ҳар кас аз лаҳзаи таваллуд тааллуқ дорад, аз мансубияти шаҳрвандии шахс вобаста нест ва аз чунин тарафҳои зиндагии дохилӣ ва доираи муоширате, ки онҳо бошуурона махфӣ нигоҳ медоранд, иборат аст.…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ

    1.Асосҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ яке аз ҳуқуқҳои бунёдӣ ва фитрии шахсии (шаҳрвандии) инсон аст. Он ба ҳуқуқҳои насли якум тааллуқ дорад. Аммо нишонаҳои аввалини ҳуқуқи мазкур ҳанӯз дар Хартияи бузурги озодиҳои соли 1215 ба назар мерасанд. Дертар дар марҳилаи инқилобҳои…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқ ба ҳаёт

    1.Асосҳои фалсафӣ ва меъёрӣ-ҳуқуқии ҳуқуқ ба ҳаёт Андешаи он ки ҳаёти инсон арзиши аз ҳама воло дар рӯи Замин аст, чун худи таърихи инсоният хеле кӯҳна мебошад. Масъалаҳои ҳаёт ва мамот яке аз проблемаҳои доимиест, ки дарки он дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ гуногун буд. Ҳуқуқ ба ҳаёт чун яке аз…

    Муфассалтар »
  • Тавсифи умумии ҳуқуқҳо ва озодиҳои шахсӣ

    Ҳуқуқҳо ва озодиҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) гурӯҳи махсуси ҳуқуқҳои инсон мебошанд. Онҳо бояд озодӣ ва мухторияти фардро, чун узви ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳимояи юридикии ӯро аз дахолати ғайриқонунии берунӣ таъмин намоянд. Асос ва таъиноти ҳуқуқҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) таъмини бартарияти майлҳои инфиродии дохилии рушди ҳар як шахсият, имконияти худмуайянкунӣ ва худтатбиқкунии инфиродии инсон…

    Муфассалтар »
  • Вазъияти ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

    1.Мафҳумҳои «шаҳрванди хориҷӣ» ва «шахси бешаҳрвандӣ Ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ ва муваққатан теъдоди зиёди сайёҳон, донишҷӯёни хориҷӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ, намояндагони сафоратхонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ва ғайра меоянд. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони хориҷианд ва бо вазъияти ҳуқуқии худ аз шаҳрвандони Тоҷикистон фарқ мекунанд. Мувофиқи моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон…

    Муфассалтар »
  • Мақоми ҳуқуқии шаҳрванди ҷумҳурии тоҷикистон

    1. Мафҳуми шаҳрвандӣ ва раият Мақоми ҳуқуқии шаҳрванд бо мафҳуми «шаҳрвандӣ» зич алоқаманд аст. Шаҳрвандӣ ҳолати табии инсон буда, барои нишон додани робитаҳои ҳуқуқии одам бо давлати мушаххас истифода мешавад. Шаҳрвандӣ алоқаи устувори сиёсӣ-ҳуқуқии одам ва давлат аст, ки дар маҷмӯи ҳуқуқҳо, ӯҳдадориҳо ва масъулияти байниҳамдигарии онҳо ифода мешавад. Дар…

    Муфассалтар »
  • Мақоми ҳуқуқии инсон

    1. Мақоми ҳуқуқӣ: мафҳум ва унсурҳо Ба фаҳмиши моҳияти мақоми ҳуқуқии инсон таърифи мафҳумҳои зерин: “инсоният», «миллат», «халқ», “гурӯҳи иҷтимоӣ», «инсон» «шахсият», «шахс», ки Шумо бо онҳо аллакай ҳангоми омӯзиши таърих ва дар доираи дигар фанҳо дучор омадаед, мусоидат мекунад. Ҳамин тавр, зери мафҳуми инсоният ҷамъи одамони дар рӯи Замин…

    Муфассалтар »
  • Санадҳои байналхалқӣ-ҳуқуқӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон

    1.Санадҳои байналхалқӣ-ҳуқуқӣ: мафҳум, навъҳо Дар ҷаҳони имрӯза ҳуқуқҳои инсон дар санадҳои гуногуни меъёрӣ-ҳуқуқии аксари кулли давлатҳо таҳким бахшида шудаанд. Ҳамаи онҳо амалан ба стандартҳои дар ин соҳа таҳиякардаи ҷомеаи байналмилалӣ такя мекунанд. Зери мафҳуми стандартҳои ҳуқуқҳои инсон талабот ва меъёрҳои ҳатмии дар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ таҳкимёфтаи ба эътирофи ҳуқуқҳои инсон чун…

    Муфассалтар »
  • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон

    1.Санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ: мафҳум, навъҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсонро эътироф карда, худро давлати демократии ҳуқуқбунёд эълон кард. Яке аз аломатҳои давлати ҳуқуқбунёд волоияти ҳуқуқ дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҳаётии ҷомеа аст. Ҳуқуқ низоми меъёрҳо ва қоидаҳои рафтор аст, ки муносибатҳои аз давлат бармеомада ва иродаю манфиатҳои онро дар…

    Муфассалтар »
  • Барқарории давлати ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон

    1.Барқарории давлати ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон Дар ҳар мамлакат рушди идеалҳои давлатдории демократӣ ва принсипҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба махсусияти ватанӣ такя карда, аз шароитҳои ташаккулёфтаи таърихӣ, анъанаҳои фарҳангӣ, хусусиятҳои шуур ва мавқеи фаъолонаи аҳолӣ вобаста аст. Баъди  эълон шудани истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои худро ба сохтани…

    Муфассалтар »
  • Нақши ҳуқуқҳои инсон дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ

    1.Ҷомеаи шаҳрандӣ: мафҳум, унсурҳо Давлати муосири ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ бо мафҳуми “ҷомеаи шаҳрвандӣ” пайванди ногусастанӣ дорад. Тасаввурот дар бораи ҷомеаи шаҳрвандӣ аз таълимоти Арастую Афлотун, Сисерон, мутафаккирони даврони Эҳё сар карда, то ақидаҳои файласуфон ва ҳуқуқшиносони имрӯза эволютсияи дурударозеро тай кардааст. Истилоҳи “ҷомеаи шаҳрвандӣ” аз асри ХVIII сар карда босуботона…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқҳои инсон ва давлати иҷтимоӣ

    1.Давлати иҷтимоӣ: мафҳум, моҳият Дар ҷаҳони имрӯза дар назди давлат маҷмӯи томи вазифаҳои муҳимтарин меистанд, ки таъиноти иҷтимоии давлат дар онҳо ифода мегардад. Ва дар тавсифи таъиноти иҷтимоии давлат вазифаи аз ҳама  асоситарини он таъмини сатҳи муайяни зиндагии шаҳрвандони худ, қонеъсозии талаботи моддӣ ва маънавии онҳо мебошад. Мафҳуми «давлати иҷтимоӣ”…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқҳои инсон ва давлати ҳуқуқбунёд

    1. Давлати ҳуқуқбунёд: мафҳум, унсурҳо, аломатҳо Ғояҳои инсондӯстӣ, адолатнокӣ, зарурати эътироф ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон барои пайдоиш ва инкишофи назарияи давлати ҳуқуқбунёд муайянкунанда гаштанд. Проблемаи давлати ҳуқуқбунёд, ки бисёр вақт бо номҳои “давлати қонунгузорӣ”, “давлати тартиботи ҳуқуқӣ” ва ғайра низ ёд мешавад, таваҷҷӯҳи одамони пешқадам, мутафаккирони рӯшанфикри дунёи қадим,…

    Муфассалтар »
  • Арзишҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқҳои инсон

    1.Меъёрҳои ахлоқ ва меъёрҳои ҳуқуқ Муносибатҳои байни одамон дар ҷомеа бо низоми меъёрҳои иҷтимоӣ ба танзим дароварда мешавад, ки асоситарини онҳо меъёрҳои ахлоқ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошанд. Дар меъёрҳои ахлоқӣ тасаввурот дар бораи некию бадӣ, адолату эътибор, шарафу шафқат ифода ёфтаанд. Меъёрҳои ахлоқ маҳсули рушди таърихии инсоният мебошанд, онҳо дар…

    Муфассалтар »
  • Норавоии маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои ҷудогонаи инсон ва шаҳрванд дар шароити вазъияти фавқулодда

    1. Мафҳуми вазъияти фавқулодда ва маҳдудсозии ҳуқуқҳои инсон Ба ҷуз маҳдудсозиҳои умумии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки дар шароити муқаррарӣ равост, давлат метавонад ҳамчунин маҳдудсозиҳои умумии ҳуқуқҳо ва озодиҳои ҷудогонаи инсон ва шаҳрвандро дар вазъиятҳои фавқулодда ҷорӣ намояд. Одатан, вазъияти фавқулодда дар мамлакат дар ҳолатҳое, ки вазъияти фавқулодда ба…

    Муфассалтар »
  • Асосҳои умумии маҳдудсозии ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд

    1. Мафҳуми маҳдудсозии ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон Аз ҷониби ҳар як инсон амалисозии ҳуқуқу озодиҳояш бо масъулияти ӯ барои амалҳояш, инчунин ӯҳдадориҳои вай дар назди ҷомеа ва давлат пайванди ногусастанӣ дорад. Ҳар як одам дар интихоби амалҳои хеш озод аст, аммо чунин озодӣ ҳаргиз комилу мутлақ нест. Бинобар ин зарурати…

    Муфассалтар »
  • Таснифи ҳуқуқҳои инсон

    1.Меъёрҳои гуногуни таснифи ҳуқуқҳои инсон Ҳар як одам аз лаҳзаи таваллуд то лаҳзаи марг дорои маҷмӯи васеи ҳуқуқу озодиҳои ба ҳам алоқаманду вобастаи якдигар мебошад. Бинобар ин ногузир хоҳиши дар системаи ягона нишон додани ҳамаи ин ҳуқуқу озодиҳои гуногун ва тақсим кардани онҳо аз рӯи аломатҳои (меъёрҳои) хосашон, яъне таснифи…

    Муфассалтар »
  • Принсипҳои ҳуқуқи инсон

    1.Мафҳуми принсипҳои ҳуқуқи инсон Ҳуқуқу озодиҳои инсон идеалҳои инсондӯстӣ, адолат, озодӣ, баробарҳуқуқӣ, толерантиро таҷассум мекунанд. Амалишавии ҳуқуқҳои инсон барои инкишофи ҷомеаи муосир, ҳимояи имрӯзу фардои инсоният нақши ҳалкунанда мебозад. Дар машғулиятҳои гузашта мо аллакай бо мафҳуми “моҳияти ҳуқуқҳои инсон” шинос шуда, ҷиҳатҳои асосии онро баррасӣ намудем. ? Ба хотир оред,…

    Муфассалтар »