Год: 2020

  • Тарбияи иқтисодӣ – ҷузъи инкишофи ҷаҳонбинии илмӣ

    Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм, Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм. М. Турсунзода. Шуури иқтисодӣ – қисми муҳими ҷаҳонбинии илмӣ. Ин намуди тарбия ҳам дар оила айёми кӯдакии бармаҳал оғоз меёбад. Агар кӯдак нисбати иқтисодиёт шуурона тарбия наёбад, ба хонадон ва ҷомеа аз ҷиҳати моддӣ зарари калон…

    Муфассалтар »
  • Моҳияти ҷаҳонбинӣ ва қисматҳои муҳими он

    Ҷаҳонбинӣ як шакли шуурнокии инсон, ки ба муҳити зисти атроф нуқтаи назар ва мавқеи ӯро нишон медиҳад, дар замони мо гуногун аст. Табиист, ки ҳар як фард нисбати ҳодисаҳои табиат ва ҷамъият тасаввурот ва нуқтаи назари худро дорад. Сатҳи тасаввурот, ақида ва муносибатҳо, мувофиқи таҷрибаи зиндагӣ ва тайёрии илмии фард…

    Муфассалтар »
  • Асосҳои ҷаҳонбинии илмӣ ва моҳияти он

    Мактаби ибтидоӣ – сарчашмаи ҷаҳонбинии илмӣ Наёбад марди ҷоҳил дар ҷаҳон ком, Надорад бӯю лаззат меваи хом. Носири Хисрав. Биноан, барои он ки кӯдакон аз ақлу заковат хом намонанд ва дар зиндагӣ ҳамеша оқилона рафтор намуда, ноили комёбиҳо гарданд, аз синфҳои ибтидоӣ сар карда ҷаҳонбинии илмии онҳоро пай дар пай…

    Муфассалтар »
  • Пайвастагии муаллим бо шахсият ва иттиҳоди кӯдакон

    Дар алоқа ва ташкили иттиҳоди тарбиявии кӯдакони синфҳои ибтидоӣ нақши омӯзгор басо бузург аст. Бо амалиёту андешакории ӯ инкишофи фаъолон дар синф, интихоби корҳои шавқангез, моҳирона тақсимот кардани супоришҳо, ҳаллу фасли ихтилофот, муносибатҳои ӯҳдабароӣ, барқароркунии дӯстиву рафоқатии мустаҳкам ва ёрии ҳамдигарии талабагон ба вай таллуқ дорад. Вай бояд бештар эътиборро…

    Муфассалтар »
  • Марҳалаҳои инкишофи коллектив

    Коллективи тарбиявии бачагона фавран ташаккул намеёбад, он тибқи чорабиниҳои бардавом дар се марҳалаи зайл ба миён меояд. М а р ҳ а л а и а в в а л. дар ин марҳала барои инкишофи ибтидоии иттиҳод ба матлаби муттаҳидгардонии дастпарварон талаботи педагогӣ нақши тарбиявии муҳим мебозад. Талаботи педагогӣ аз…

    Муфассалтар »
  • Шахсият ва коллективи мактабиён, ҳамкории онҳо дар раванди тарбия

    Коллективи бачагона ва талаботи кӯдакон ба муносибати тарафайн Иттиҳод – ягонагӣ, як шудан, ҳамдастӣ. Дар педагогикаи умумиҷаҳонӣ иттиҳодро коллектив гӯянд. Коллектив калимаи лотинӣ буда, маънои ҷомеъ (ҷамъшавӣ, якҷоягӣ, гурӯҳ, зумра) – ро дорад. Коллектив – гурӯҳи ихчами иҷтомоӣ, муттаҳиди одамоне, ки ба мақсади ҳалли вазифаҳои муайяни ҷамъиятӣ машғуланд. Чунончи, коллективи…

    Муфассалтар »
  • Методҳои назорат, худназоратӣ ва худбаҳодихӣ

    Кӯдакон, ки ҳоло таҷрибаи кофии зандагӣ надоранд, ба назораткунии калонсолон, сипас ба худназоратию худбаҳодиҳӣ эҳтиёҷ доранд. Ин методҳои тарбия дар ҷараёнҳои яклухти идоракунии педагогӣ бо алоқаи бозгашти натиҷаҳои тарбиявӣ ба муаллим кӯмаки зиёд мерасонанд. Барои он ки ба ҷараёни судбахши тарбиявӣ дуруст баҳо дода шавад, фаъолият ва рафтори тарбиягирандагонро бояд…

    Муфассалтар »
  • Методҳои ҳавасмандгардонӣ ва маҳкумкунӣ

    Ин гурӯҳи методҳо вазифаҳои иҷрошуда, ислоҳи камбудиҳо ва ҳавасмандгадонии рафтор ва фаъолияти тарбиягирандагонро фаро мегирад. Кирдору амалиёте, ки аз тарафи хонандагон анҷом меёбад, баҳри пойдору устуворӣ ва минбаъда инкишофдиҳии онҳо бояд аз ҷониби муаллим арзёбӣ (маъқул ва ё маҳкум) карда шавад. Ба ин гурӯҳ методҳои мусобиқа, ҳавасмандгардонӣ, маҳкумкунӣ дохил мешаванд.…

    Муфассалтар »
  • Методҳои ташкили фаъолият, алоқа, таҷрибаҳои рафтори ҷамъиятӣ

    Инсон ҳамчун субъекти меҳнат дар ҷараёни фаъолият таҳти коркунӣ ва алоқа ташаккул меёбад. Ҳар як фаъолият аз кору амал иборат аст. Бинобар ин дар ташкили фаъолият ва ташаккули таҷрибаҳои рафтори ҷамъиятӣ аз маҷмӯи метод ва усулҳои гуногуни таъсирбахш бояд истифода бурд. Ташаккули шахсияти инсон маҳз дар натиҷаи зарурати зиндагӣ ва…

    Муфассалтар »
  • Системаи методҳои тарбия

    Мафҳуми «метод» ва моҳияти тарбиявии он Метод аз истилоҳи юнонии methodos гирифта шуда, дар забони тоҷикӣ маънои роҳ, тарз ё равишро дорад, ки мавриди тадқиқоти илмӣ, омӯзиши назарияи тарбия, таълим ва ғайра истифода бурда мешавад. Таҳти методҳои тарбия дар педагогика тарзи ба тарбиягирандагон ташаккул додани тарбияи ақлӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, ҷисмонӣ,…

    Муфассалтар »
  • Принсипҳои тарбия

    Хусусияти присипҳои тарбия Истилоҳи «принсип» аз лотинӣ буда, дар забони тоҷикӣ маънои «асос» ва «аввалин» — ро ифода мекунад. Принсипҳои раванди тарбия – ин қоидаҳои умумии аввалин, ки талаботи асосӣ ба мазмун, методҳо, ташкил кардани раванди тарбияро мефаҳмонад. Онҳо хусусияти раванди тарбия ва фарқияти байни принсипҳои умумии раванди педагогӣ, ҳамчунин…

    Муфассалтар »
  • Ташхиси тарбия

    Чунон ки мо медонем, тарбия раванди бомухолифат ва дарозмуддат аст. Дар он душвориҳои ҷиддӣ рӯй дода меистад, баъзан канда мешавад. Натиҷаҳои тарбия гоҳо хусусияти дуродурро мегирад, ки ба ҳисобгирии онҳо душворӣ меорад. Тарбия пеш аз ба мактабоӣ сарчашма гирифта, дар равандди фаъолияти меҳнатӣ ҳам идома меёбад. Дар синну соли муайян…

    Муфассалтар »
  • Мазмуни раванди тарбия

    Дар таҳти мазмуни тарбия системаи донишҳо, эътиқод, малакаҳо, сифат ва хислатҳои шахсият, одатҳои устувори рафтор фаҳмида мешавад, ки бояд талабаҳо мувофиқи мақсад ва вазифаҳои гузошташударо азхуд кунанд. Тарбияи ақлӣ, ҷисмонӣ, меҳнатӣ ва политехникӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ дар ягонагии аклухти раванди педагогиро ташкил намуда, имконият медиҳанд, ки ба мақсади асосии тарбия –…

    Муфассалтар »
  • Қонуниятҳои умумии раванди тарбия

    Худуди амалиёти қонуниятҳои умумӣ дар тамоми системаи раванди тарбия паҳн карда мешавад. Қонуниятҳои умумӣ алоқаи байни қисматҳои бештар муҳиму зарурии раванди мазкурро ифода мекунанд. Қонуниятҳое, ки алоқамандии қисматҳои равандро муайян мекунанд, ҷузъ (аниқ) ном доранд. Раванди тарбия ба қисми бештари раванди педагогикаи умумӣ, ба қонуниятҳои раванди мазкур итоат мекунад. Ба…

    Муфассалтар »
  • Диалектикаи раванди тарбия

    Раванди трабия диалектикист. Ин бо он ифода меёбад, ки он мунтазам инкишофёбанда, динамикӣ, муттаҳаррик, тағйирёбанда аст, он бо таъсири тарбия мутобиқи синну сол ва талаботи замон инкишоф ёфта меистад. Аммо ин тавр ҳам мешавад, ки як воситаи тарбия дар як шароит ба яке таъсири зиёд, ба дигаре бефарқ мегузорад. Диалектикаи…

    Муфассалтар »
  • Моҳият ва мазмуни раванди тарбия

    Хусусиятҳои раванди тарбия Дар яклухтии раванди педагогӣ ҷараёни тарбия ҷои махсусро ишғол мекунад. Моҳият, мавқеъ ва нақши ин равандро аз сохти раванди умумии ташаккули шахсиатиаш ҳам фаҳмидан мумкин аст (ниг. нақшаи 12). Дар он қисме, ки ташаккули шахсият идоракунандааст, характери назорат дар он ҷое, ки одамон шууронагии азмро роҳбарӣ доранд,…

    Муфассалтар »
  • Квалиметрияи педагогӣ

    Нисбати квалиметрияи педагогӣ ҳанӯз аввали солҳои 70 – уми қарни гузашта гуфтугӯ сар шуда буд. Истилоҳи «квалиметрия» (аз лот. qualis – сифат ва metros – ченкунӣ) равияи тадқиқи педагогиро ифода намуда, мазмуни асосии он ченкунӣ ва арзёбии параметрҳо (бузургиҳо) ва тавсифҳои педагогӣ мебошад. Аммо дар ин моҳияти маънои худ квалиметрия…

    Муфассалтар »
  • Маҳорати педагогӣ

    Дар педагогика таърихан ду намуди муносибаткунӣ нисбати фаҳмиши маҳорати педагогии муаллим арзи вуҷуд дорад. Аввалинаш, бо фаҳмиши методҳои меҳнати педагогӣ, дуюмаш, ба раводиди коргирии шахсияти педагог, ки комёбиҳои зиёд ба каф овардан мехоҳад, вобаста аст. Вале азбаски метод аз шахсияти педагог ҷудоӣ надорад, дар ин ҷо ҳеҷ гуна мухолифат нест,…

    Муфассалтар »
  • Потенсиали (иқтидори) касби педагогӣ

    Ин маънои сифатҳои педагогро на ҷудогона, балки онҳоро ба таври комплекс системаи яклухт донистанро ифода мекунад. Хусусияти системаи санъати муаллимӣ ба маънои мафҳуми нави интегратсия (якҷокунӣ, ҳамгиро) дар потенсиали касбии педагог (ПКП) инъикос меёбад, ки афзалияти он дар худ ҷанбаҳои гуногунро нисбати тайёрӣ ва фаъолияти муаллим ҳамгиро мекунад. Потесиал (аз…

    Муфассалтар »
  • Талабот ба муаллим

    Касби пуршарафи педагогӣ аз қадимулайём бо эҳтиёҷоти зарурии ҷомеа арзи вуҷуд дорад, заро он дар пешрафти ҷомеа нақши бузург мебозад. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба ин хотир нигоштааст: Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор, Шавад тира аз бехирад рӯзгор. Оре, ҳамин омӯзгор буд, ки чун зиё дар замири наслҳои наврас шӯълаи илму…

    Муфассалтар »
  • Вазифаҳои муаллим

    Муаллим шахсиятест, ки дар мактаб ташкилкунанда, танзимдиҳанда, ва амалан иҷрокори раванди таълиму тарбия, оне ки аз қуллаҳои баланд об гирифта, баҳри шодоб кардани наслҳои наврас чун сарчашмаи мусаффо аз худ меҷӯшад. Ба тариқи дигар гӯем, муаллим муҳандиси нахуст ибтикори тамоми касбу вазифаҳои олам аст. Меарзад дар васфаш бигӯем: Ба мақоми…

    Муфассалтар »
  • Инноватсияи педагогӣ

    Ба ҳамагон маълум аст, забонҳо тавассути робитаи одамон бо мурури замон аз ҳисоби забонҳои дигар захираи луғавии худро ғанӣ гардонида меоянд. Ҳоло мо нисбати ба захираи луғавии илми педагогика ворид шудани калимаи «инноватсия» маълумот медиҳем. Дар мобайни солҳои 80 – уми қарни 20 – ум аввал рӯзноманигорон ва минбаъд шахсони…

    Муфассалтар »
  • Раванди умумии педагогӣ

    Раванди педагогӣ ҳамчун система Калимаи «раванд» маънои равиш дошта, муродифи «ҷараён» — ҷунбиш, ҳаракатро ифода мекунад. «Раванди педагогӣ» — ҷараёни яклухти пешбарандагии маҷмӯи корҳои таълимӣ, тарбиявии дохилу хориҷи мактабро гӯянд, ки тибқи нақшаи ягонаи инкишофдиҳандаи бо ҳам алоқадори иттиҳоди омӯзгорон ва талабагон бардавом сурат мегирад. Ин ҷараён баҳри адои мақсад…

    Муфассалтар »
  • Пайдо кардани замина барои ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият

    Шароити иҷтимоию иқтисодӣ барои мутаносиб ҳамаҷониба инкишофёбии шахсият ташаккулёбии ҷамъияти буржуазӣ ва тараққиёти мошинолоти истеҳсолӣ замина гузошт. Ҳоло бинем канӣ чӣ гуна тараққиёти мошинолоти истеҳсолӣ барои иникшофи ҳамаҷонибаи шахсият имконияти зарурӣ гузошта метавонад. Корхонаҳои бофандагӣ – ҳунармандии дастӣ; саноат, мошинҳои истеҳсолии пештара чунин хусусият доштанд: ҳунармандон дар як корхона кор…

    Муфассалтар »
  • Мақсад ва вазифаҳои тарбия

    Инкишофи қувваҳои истеҳсолӣ ва муносибатҳои истеҳсолии ҷомеа – маҳаки асосии мақсади тарбия Ҳамеша рӯ ба беҳбудиҳо овардан мақсади қонунии инсоният аст. Будуни чунин қонуни иҷтимоӣ инкишофи ҷомеа ва фард ғайриимкон аст. Албатта, аз олоти оддии зиндагӣ ба мошинолот гузаштан ба кор сабукӣ меорад ва маҳсулотро хушсифату афзун мегардонад: аз ҷуфти…

    Муфассалтар »
  • Ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои инфиродӣ

    Инсоният дар инкишофи умумӣ ва хусусӣ молик аст. Хусусиятҳои умумии ҳамаи одамон дар синни муайян аз одами алоҳида фарқ мекунад. Одами махсусро фард меноманд, аммо шахсиятро бо ифодаи возеҳ фарди махсус гӯянд. Фардият бо маҷмӯи зеҳнӣ, иродавӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва дигар хислатҳои шахсияташ ба таври аёнӣ аз дигарон фарқ мекунанд.…

    Муфассалтар »
  • Акселератсия чист?

    Ҳаракати шартан ва маълуми тақсимоти давраҳоро қайд кардаистода, ба ҳодисаи нав – акселератсия, ки дар байни баъзе гурӯҳҳои синнусолӣ нисбати пешравӣ аз ҳудуди худ баромадааст, маълумот медиҳем. Акселератсия (аз истилоҳи лотинии «акселератио» гирифта шуда, маънои «суръатёбӣ» — ро дорад). Ин суръатёбӣ инкишофи ҷисмонӣ ва ҷисман психологии айёми кӯдакӣ ва навҷавониро…

    Муфассалтар »
  • Нобаробарии инкишоф

    Тадқиқотҳои дар соҳаи инкишофи одамон бурда як қатор қонунияти муҳимро муайян кард, ки онҳоро ба инобат гирифта ба тартиб додани лоиҳа ва муфидона ташкил кардани фаъолияти таълимӣ – тарбиявӣ имконпазир аст. Педагогикаи амалӣ ба қонунияти инкишофи ҷисмонӣ такя мекунад: Айёми ҷавони инкишофи одам бештар бошиддат тез мешавад, ҳамин ки одам…

    Муфассалтар »
  • Инкишоф ва тарбияи насли наврас дар марҳалаҳои гуногун

    Донистани хусусиятҳои инкишофи физиологию анатомӣ, психологию педагогии марҳалаҳои синнусолии насли наврас барои волидайн, мураббиён, муаллимон ва ононе, ки ба тарбияи онҳо сару кор доранд, ниҳоят зарур аст. Зеро хусусият ва асрорҳои инкишофи ҳар синро надониста дуруст тарбия кардан ва омӯзонидани онҳо имконнопазир аст. Синни томактабӣ: Давраи навзодӣ – аз рӯзи…

    Муфассалтар »
  • Фаъолият ҳамчун омили инкишоф

    Ба таъсири инкишофи ирсият, муҳит ва тарбия боз барилова як омили ниҳоят муҳим ҳамроҳ мешавад, ки онро «фаъолияти шахсият» меноманд. Дар таҳти фаҳмиши ин ибора ҳамаи кору бори одам – шуғли зиндагии вай ифода меёбад. Чунин фаъолият ба мо аз қаъри асрҳо меросӣ шуда меояд: «Мард бояд ҳаросон нашавад, мушкиле…

    Муфассалтар »