Месяц: Май 2020

  • Раванди умумии педагогӣ

    Раванди педагогӣ ҳамчун система Калимаи «раванд» маънои равиш дошта, муродифи «ҷараён» — ҷунбиш, ҳаракатро ифода мекунад. «Раванди педагогӣ» — ҷараёни яклухти пешбарандагии маҷмӯи корҳои таълимӣ, тарбиявии дохилу хориҷи мактабро гӯянд, ки тибқи нақшаи ягонаи инкишофдиҳандаи бо ҳам алоқадори иттиҳоди омӯзгорон ва талабагон бардавом сурат мегирад. Ин ҷараён баҳри адои мақсад…

    Муфассалтар »
  • Пайдо кардани замина барои ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият

    Шароити иҷтимоию иқтисодӣ барои мутаносиб ҳамаҷониба инкишофёбии шахсият ташаккулёбии ҷамъияти буржуазӣ ва тараққиёти мошинолоти истеҳсолӣ замина гузошт. Ҳоло бинем канӣ чӣ гуна тараққиёти мошинолоти истеҳсолӣ барои иникшофи ҳамаҷонибаи шахсият имконияти зарурӣ гузошта метавонад. Корхонаҳои бофандагӣ – ҳунармандии дастӣ; саноат, мошинҳои истеҳсолии пештара чунин хусусият доштанд: ҳунармандон дар як корхона кор…

    Муфассалтар »
  • Мақсад ва вазифаҳои тарбия

    Инкишофи қувваҳои истеҳсолӣ ва муносибатҳои истеҳсолии ҷомеа – маҳаки асосии мақсади тарбия Ҳамеша рӯ ба беҳбудиҳо овардан мақсади қонунии инсоният аст. Будуни чунин қонуни иҷтимоӣ инкишофи ҷомеа ва фард ғайриимкон аст. Албатта, аз олоти оддии зиндагӣ ба мошинолот гузаштан ба кор сабукӣ меорад ва маҳсулотро хушсифату афзун мегардонад: аз ҷуфти…

    Муфассалтар »
  • Ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои инфиродӣ

    Инсоният дар инкишофи умумӣ ва хусусӣ молик аст. Хусусиятҳои умумии ҳамаи одамон дар синни муайян аз одами алоҳида фарқ мекунад. Одами махсусро фард меноманд, аммо шахсиятро бо ифодаи возеҳ фарди махсус гӯянд. Фардият бо маҷмӯи зеҳнӣ, иродавӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва дигар хислатҳои шахсияташ ба таври аёнӣ аз дигарон фарқ мекунанд.…

    Муфассалтар »
  • Акселератсия чист?

    Ҳаракати шартан ва маълуми тақсимоти давраҳоро қайд кардаистода, ба ҳодисаи нав – акселератсия, ки дар байни баъзе гурӯҳҳои синнусолӣ нисбати пешравӣ аз ҳудуди худ баромадааст, маълумот медиҳем. Акселератсия (аз истилоҳи лотинии «акселератио» гирифта шуда, маънои «суръатёбӣ» — ро дорад). Ин суръатёбӣ инкишофи ҷисмонӣ ва ҷисман психологии айёми кӯдакӣ ва навҷавониро…

    Муфассалтар »
  • Нобаробарии инкишоф

    Тадқиқотҳои дар соҳаи инкишофи одамон бурда як қатор қонунияти муҳимро муайян кард, ки онҳоро ба инобат гирифта ба тартиб додани лоиҳа ва муфидона ташкил кардани фаъолияти таълимӣ – тарбиявӣ имконпазир аст. Педагогикаи амалӣ ба қонунияти инкишофи ҷисмонӣ такя мекунад: Айёми ҷавони инкишофи одам бештар бошиддат тез мешавад, ҳамин ки одам…

    Муфассалтар »
  • Инкишоф ва тарбияи насли наврас дар марҳалаҳои гуногун

    Донистани хусусиятҳои инкишофи физиологию анатомӣ, психологию педагогии марҳалаҳои синнусолии насли наврас барои волидайн, мураббиён, муаллимон ва ононе, ки ба тарбияи онҳо сару кор доранд, ниҳоят зарур аст. Зеро хусусият ва асрорҳои инкишофи ҳар синро надониста дуруст тарбия кардан ва омӯзонидани онҳо имконнопазир аст. Синни томактабӣ: Давраи навзодӣ – аз рӯзи…

    Муфассалтар »
  • Фаъолият ҳамчун омили инкишоф

    Ба таъсири инкишофи ирсият, муҳит ва тарбия боз барилова як омили ниҳоят муҳим ҳамроҳ мешавад, ки онро «фаъолияти шахсият» меноманд. Дар таҳти фаҳмиши ин ибора ҳамаи кору бори одам – шуғли зиндагии вай ифода меёбад. Чунин фаъолият ба мо аз қаъри асрҳо меросӣ шуда меояд: «Мард бояд ҳаросон нашавад, мушкиле…

    Муфассалтар »
  • Қонунияти умумии инкишоф

    Раванди инкишофи шахсият. Раванди инкишоф — ин дигаргунии миқдорӣ ва сифати ҷисмии инсон. Натиҷаи инкишоф – ташаккули одам ҳамчун намуди мавҷудоти биологӣ ва ҳамчун иҷтимоӣ. Инкишофи ҷисмонии одам ба биологӣ вобаста буда, дар худ тағйироти морфологӣ (сохти ҷисм), биокимиёӣ, физиологӣ мегирад. Аммо инкишофи иҷтимоӣ ба рушди психологӣ, рӯҳӣ, ақлонӣ хос…

    Муфассалтар »
  • Мавзӯъ ва вазифаҳои педагогика

    Педагогика – илм дар бораи тарбия Педагогика номи худро аз калимаи юнонии «пайдагогос» («пайда» — атфол, кӯдак ва «гогос» — роҳнамо, баранда) гирифта, якҷоя маънои «роҳнамои атфол» — ро ифода мекунад. Дар Юнони қадим ғуломонеро, ки аз дасти кӯдакони хӯҷаинҳои худ дошта ба мактаб мебурданд ва он ғуломоне, ки ба…

    Муфассалтар »
  • Пайдоиш ва инкишофи педагогика

    Тарбия ҷараёни хеле қадимӣ буда, он бо баробари пайдоиши одамони аввалин арзи вуҷуд кардааст. Аввалҳо кӯдакон бе ҳеҷ як педагогика тарбия карда мешуданд, ҳатто барои вуҷуд доштани он тасаввуроте ҳам надоштанд. Биноан илми тарбия хеле дер, баъди ғун шудани таҷрибаҳои инсоният пайдо мешавад. Он дар ҷомеа яке аз соҳаҳои илми…

    Муфассалтар »
  • Инкишофи педагогика ва мафҳумҳои асосии он

    Чунон ки дар боло зикр кардем, тарбия аз пайдоиши ҷамъияти инсонӣ сарчашма гирифта, то кунун хеле ривоҷу равнақ ёфта омадааст. Лиҳозо дар асоси маҷмӯи таҷрибаҳои ғуншудаи зиндагӣ ва инкишофи қувваҳои истеҳсолӣ бо талаботи зарурии зиндагӣ назарияи донишҳои тарбия – илми педагогика кор карда шуд. Аввалҳо ин соҳаи дониш дар дохили…

    Муфассалтар »
  • Соҳаҳои илми педагогика ва алоқаи он бо илмҳои дигар

    Педагогика соҳаҳои гуногуни илмӣ дорад ва ҳар яке соҳаи муайянро тадқиқ мекунад. Ба системаи педагогика улуми зерин дохил мешавад: Педагогикаи умумӣ ва ё педагогикаи мактаб, ки қонуниятҳои таълим ва тарбияи мактабиёни мактаби маълумоти умумиро тадқиқ мекунад.Педагогикаи синну сол, хусусиятҳои тарбиявии одамони синну соли гуногун: қаблазтомактабӣ, томактабӣ, педагогикаи мактаб, педагогикаи калонсолонро…

    Муфассалтар »
  • Асосҳои методологии инкишофи назариёти педагогӣ ва методҳои тадқиқоти илмии он

    Асосҳои методологӣ омили муҳими коркард ва инкишофи назариёти педагогӣ мебошад. Методология назарияи гнесеологӣ ва мантиқиест дар боби принсипҳо ва маҷмӯи тадқиқу ҳодисаҳои табиӣ ва ё иҷтимоӣ фаҳмида мешавад. Педагогика, чунон ки гуфтем, ҳамчун илми фалсафа аз қадимулайём дар таҳти ду консепсияи бо ҳам муқобили методологияи фалсафӣ – идеалистӣ ва материалистӣ…

    Муфассалтар »