Месяц: Ноябрь 2017

  • Танзими ҳуқуқии рақобат ва фаъолияти инҳисорӣ (монополистӣ) дар бозори мол

    Танзими ҳуқуқии рақобат ва маҳдуд кардани фаъолияти инҳисорӣ (монополистӣ) дар бозори мол бавоситаи қонунгузории зиддиинҳисорӣ ба амал бароварда шуда, аз маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иборат аст, ки барои ба танзим даравардани қоидаҳои азнавбавуҷдоӣ ва дастгирии рақобати бовиҷдонона, огоҳонидан, маҳдуд кардан, пешгирӣ намудани фаъолияти инҳисорӣ равон карда шудаанд. Ба низоми қонунгузории…

    Муфассалтар »
  • Мафҳум ва намудҳои субъектҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ

    Дар назарияи соҳибкорӣ дар зери мафҳуми субъекти фаъолияти соҳибкорӣ шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо фаҳмида мешавад. Инчунин мафҳумҳои соҳибмулк, менеджер ба мафҳуми соҳибкор айният дода намешаванд. Субъекти ҳуқуқи соҳибкорӣ гуфта шахсонеро меноманд, ки соҳиби ҳуқуқ ба машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ буда, мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун ба қайд гирифта шуда, дорои…

    Муфассалтар »
  • Метод ва принсипҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ

    Методи ҳуқуқи соҳибкорӣ гуфта маҷмӯи тарзу воситаҳоеро меноманд, бо ёрии онҳо предмети ҳуқуқи соҳибкорӣ ба танзим дароварда мешаванд. Методҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ инҳо ба шумор мераванд: Методи мустақилона ҳал намудани масъалаҳо. Истифода бурдани методи мустақилона ҳал намудани масъалаҳо дар танзими ҳуқуқии фаъолити соҳибкорӣ ба субъекти муносибатҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ имконият медиҳад, ки…

    Муфассалтар »
  • Мафҳум ва предмети ҳуқуқи соҳибкорӣ

    Низоми ҳуқуқӣ ҳар як давлат аз соҳаҳои ҳуқуқ иборат мебошад ва ҳар як соҳаи ҳуқуқ предмети батанзимдарории худро дорад. Предмети соҳаи ҳуқуқ ин ҳамаи он муносибатҳои ҷамъиятие мебошанд, ки аз ҷониби меъёрҳои ҳуқуқии ин соҳаи ҳуқуқи ба танзим дароварда мешаванд. Предмети ҳуқуқи соҳибкориро се гурӯҳи муносибатҳои ҷамъиятӣ ташкил медиҳанд: Гурӯҳи…

    Муфассалтар »
  • Ҷавобгарии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи кишоварзӣ

    Давраи хотимавии механизми ҳуқуқии ҳамаи соҳаҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла муносибатҳои соҳаи хоҷагии қишлоқ ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашидани ашхос барои ҳуқуқвайронкуниҳои содиршуда мебошад. Агар дар баромадани низоми ҳуқуқ имконияти ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашидан ва татбиқи ҷазо (ҷазо додан барои иҷро накардан, вайрон кардани талаботҳои ҳуқуқӣ ва ғ.) набошад, пас ҳуқуқ…

    Муфассалтар »
  • Вазъи ҳуқуқии хоҷагии ёрирасони шахсӣ

    Вазъи ҳуқуқии хоҷагии ёрирасонӣ шахсӣ баъди омӯзишу таҳлилӣ тадқиқотҳои илмӣ ва қонунгузорӣ муайян гардидааст. Мафҳум ва қонунгузории хоҷагии ёрирасони шахсӣ. Хоҷагии ёрирасони шахсӣ – хоҷагиест, ки бо меҳнати шахсии шаҳрванд ва аъзои оилаи ӯ бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва қонеъ гардонидани талаботи худ бо озуқаворӣ ва эҳтиёҷоти дигар пеш…

    Муфассалтар »
  • Вазъи ҳуқуқии хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)

    Вазъи ҳуқуқии хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) баъди омӯзишу таҳлилӣ тадқиқотҳои олимон ва қонунгузорӣ муайян гардидааст. Дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» истилои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) мумкин аст бо истилои хоҷагии деҳқонӣ истифода гардад. Мафҳум ва қонунгузории хоҷагии деҳқонӣ. Хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) – субъекти хоҷагидории мустақилест, ки фаъолияти он…

    Муфассалтар »
  • Муносибатҳои ҳуқуқи кишоварзӣ

    Муносибатҳои ҳуқуқи кишоварзӣ гуфта он муносибатҳои ҷамъиятиро меноманд, ки бо меъёрҳои ҳуқуқи кишоварзӣ ба танзим дароварда шудаанд. Муносибатҳои ҳуқуқи кишоварзӣ ба худ хусусиятҳои хос доранд. Муносибатҳои ҳуқуқии мазкур муносибатҳои ягона ва якхела набуда, аз маҷмӯи муносибатҳои ҷамъиятӣ оиди замин, муносибатҳои амволӣ, меҳнатӣ ва ташкилӣ-идоракунӣ таркиб ёфтаанд, ки дар алоҳидагӣ ба…

    Муфассалтар »
  • Мафҳум ва сарчашмаҳои ҳуқуқи кишоварзӣ

    Мафҳуми ҳуқуқи кишоварзӣ. Ҳуқуқи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои комплексии ҳуқуқ буда, дар низоми ҳуқуқӣ ҷои намоёнро ишғол менамояд. Ҳуқуқи кишоварзӣ мисли дигар соҳаҳои комплексии ҳуқуқ дорои предмет, метод, низом ва сарчашмаҳои худ мебошад. Ҳуқуқи кишоварзӣ танҳо бо мавҷудияти предмет, метод, низом ва сарчашмаҳои ҳуқуқии худ ҳамчун соҳаи комплексии ҳуқуқ эътироф…

    Муфассалтар »
  • Интизоми меҳнатӣ ва ҷавобгарии интизомӣ

    Интизоми меҳнатӣ гуфта — низоми муайяни рафтори иштирокчиёни меҳнати коллективиро меноманд, ки дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо тавассути фароҳам овардани шароити зарурии ташкилӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, усулҳои мӯътақид сохтан, ҳамчунин ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавӣ таъмин мегардад. Қатъи назар аз шаклҳои моликият ва доираи фаъолият интизоми меҳнат тартиботи зарурие мебошад, ки барои…

    Муфассалтар »
  • Мафҳум ва намудҳои вақти кор ва истироҳат

     Мафҳум ва намудҳои вақти кор. Давомнокии вақти муътадилии кор. Тибқи моддаи 60 КМ ҶТ вақти кор вақте ба ҳисоб меравад, ки дар давоми он корманд тибқи тартибот ё нақшаи кор ё шартҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бояд вазифаҳои меҳнатии худро иҷро намояд. Ба таври дигар вақти кор вақте ба ҳисоб меравад,…

    Муфассалтар »
  • Шартномаи коллективӣ ва шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

    Шартномаи коллективӣ. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарики иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ» аз 28 июли соли 2007 бастан ва иҷроиши шартномаҳои коллективӣ ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ва масъулияти ҷонибҳои шартномаи коллективиро муайян намуда, муқаррароти он тамоми ташкилот ва муассисаҳоро қатъи назар аз шаклҳои моликият ва хоҷагидориашон фаро мегирад. Ба ҳайси…

    Муфассалтар »
  • Мафҳум, предмет ва сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнатӣ

    Ҳуқуқи меҳнатӣ яке аз соҳаҳои мустақили ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои меҳнатии ҷомеаро, ки корманд ба онҳо дар иртибот бо татбиқи қобилияти меҳнатӣ ва корфармо бошад, дар иртибот бо истифода аз қобилияти меҳнатии корманд ба вуҷуд меоянд ба танзим медарорад. Ҳуқуқи…

    Муфассалтар »
  • Васоят, парасторӣ ва фарзандхонӣ

    Мафҳуми васоят ва парасторӣ. Мафҳуми кӯдак мутобиқан ба қ.1.м.55 КО ҶТ шахсе эътироф карда мешавад, ки ба синни 18 солагӣ нарасидааст, яъне бо мафҳуми « ноболиғ» баробар аст. Ин тартиб айнан дар моддаи 1-ӯми Конвенсияи байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак оварда шудааст.Мувофиқи ҳуқуқи оилавӣ васоят, парасторию патронат ин роҳҳои қонуние…

    Муфассалтар »
  • Никоҳ. Бастани никоҳ ва катъ гардидани он

    Мафҳум ва моҳияти никоҳ. Вақтҳои охир як қатор ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ қабул шудаанд, ки аз ғамхории давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи беҳбудии оила шаҳодат медиҳад. Никоҳ яке аз роҳҳои ба вуҷуд омадани оила ба шумор меравад. Ҳуқуқ ва манфиатҳои никоҳшавандагон дар маркази диққату ғамхории давлат ва ҳукумат қарор доранд.…

    Муфассалтар »
  • Мафҳум ва принсипҳои асосии ҳуқуқи оилавӣ

    Мафҳуми ҳуқуқи оилавӣ. Ҳуқуқи оилавӣ яке аз соҳаи мустақили ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, аз маъҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат мебошад, ки муносибатҳои шахсӣ ва молу мулкие, ки дар натиҷаи никоҳ, таваллуди кӯдак, фарзандхонӣ, хешу таборӣ, ба тарбия гирифтани кӯдак байни шаҳрвандон, байни шаҳрвандону шахсони ҳуқуқӣ, шаҳрвандону давлат пайдо мешаванд,…

    Муфассалтар »
  • Мафҳум ва намудҳои шартнома

    Шартнома гуфта созиши ду ё якчанд шахсро меноманад, ки ба­рои ба вуҷуд овардан, тағйир додан ё қатъи ҳуқуқ ва ӯҳдадории гражданӣ равона карда шудааст. Шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқӣ дар бастани шартнома мустақил мебошанд. Маҷбур кар­дан ба бастани шартнома, ба истиснои ҳолатҳое, ки вазифаи бастани шартнома дар Кодекси граданӣ, қонун ё…

    Муфассалтар »
  • Мафҳум ва хелҳои аҳд

    Мафҳуми аҳд. Аҳд яке аз фактҳои юридикии паҳнгардида мебошад. ҳаракати шаҳрвандон ва шахсони юридикие, ки барои ба вуҷуд овардан, тағйир додан ё қатъ намудани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои гражданӣ равона карда шудааст, аҳд эътироф карда мешавад. Ҳамин тавр, моҳияти аҳдро аломатҳои зерин тавсиф менамоянд: а) аҳд — ин доимо амалиёти иродавист;…

    Муфассалтар »
  • Мафҳум ва сарчашмаҳои ҳуқуқи граждании ҶТ. Муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ

    Ҳуқуқи гражданӣ (маданӣ)-и ҶТ ҳамчун соҳаи мустақили низоми ҳуқуқии ҶТ аз маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқие иборат мебошад, ки муносибатҳои молумулкӣ, шахсии ғайримолумулкии ба молу мулк вобаста ва муносибатҳои шахсии ғайримолумулкии ба молу мулк новобастаро ба танзим медарорад. Аз ин бар меояд, ки мавзӯи танзими ҳуқуқи гражданиро муносибатҳои зерини ҷамъиятӣ ташкил менамоянд:…

    Муфассалтар »
  • Ҳамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ

    Ҳамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ гуфта робитаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварро дар бахши фаъолияти гумрукӣ меноманд, ки он дар устуворӣ, манфиатнокӣ ва баробарӣ ба амал бароварда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқ, мустақил ва соҳибихтиёри ҳуқуқи байналхалқӣ ҳуқуқи муайян намудани самтҳои ҳамкориҳои байналхалқии худро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ дорад.…

    Муфассалтар »
  • Мафҳум ва сарчашмаҳои ҳуқуқи гумрукӣ

    Мафҳуми ҳуқуқи гумрукӣ. Ҳуқуқи гумрукӣ соҳаи мустақили комплексии ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ танзим менамояд. Фаъолияти гумрукӣ – маҷмӯи усулҳо ва воситаҳои таъмини риояи тадбири танзими гумрукию тарифӣ, мамнӯият ва маҳдудитҳоеро дар бар мегирад, ки мувофиқи қонунгузории ҶТ…

    Муфассалтар »
  • Ҷавобгарӣ дар соҳаи ҳуқуқи андоз

    Ҷавобгарӣ дар соҳаи ҳуқуқи андоз гуфта таҳти маҷбурияти давлат иҷро намудани ӯҳдадориҳоеро меноманд, ки бинобар содир шудани ҳуқуқвайронкунии андоз ба миён меоянд.Ҳуқуқвайронкунии андоз – ин амали ё беамалии зиддиқонунии (хилофи қонунгузории андоз) шахси воқеӣ ё ҳуқуқие мебошад, ки содир намудани он боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун мегардад. Ба ғайр аз ҳолатҳои…

    Муфассалтар »
  • Намудҳои андоз дар ҶТ. Мақомоти давлатии идоракунии соҳаи андоз

    Тибқи моддаи 6 Кодекси андози ҶТ, андозҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андозҳои умумидавлатӣ ва андозҳои маҳаллӣ иборатанд. Ба андозҳои умумидавлатӣ инҳо дохил мешаванд: 1) андози даромад аз шахсони воқеӣ (андоз аз даромади шахсони воқеӣ); 2) андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ; 3) андоз аз арзиши иловашуда; 4) аксизҳо; 5) андози иҷтимоӣ; 6)…

    Муфассалтар »
  • Мафҳум ва сарчашмаҳои ҳуқуқи андози ҶТ

    Ҳуқуқи андози ҶТ дар низоми ҳуқуқи ҶТ ба сифати соҳаи мустақили ҳуқуқ баромад намуда муносибатҳои ҷамъиятиро ҳангоми муқаррар намудан, ҷамъ овардан, тағйир додан ва ё бекор кардани андозҳо ба танзим медарорад. Муносибатҳои ҷамъиятие, ки мавриди танзими ҳуқуқи андоз қарор мегиранд, соҳиби як қатор хусусиятҳоянд: 1) Онҳо хусусияти омирона (императивӣ) дошта…

    Муфассалтар »
  • Мафҳум ва вазифаҳои андоз

    Андоз аз ҷумлаи чунин падидаҳои иҷтимоие ба ҳисоб меравад, ки пайдоишаш ба замони бавуҷудоии нахустин давлатҳо мувофиқ аст. Яке аз маъруфтарин мутахассисони соҳаи таърихи низоми андозбандӣ – Чарлз Адамс зимни фаъолияти тадқиқотии худ оид ба омӯзиши андозҳо дар тамаддунҳои гугогун, ба хулосае омадааст, ки самти инкишофи ин ва ё он…

    Муфассалтар »
  • Муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ. Низоми ҳуқуқи молиявӣ

    Муносибатҳои ҷамъиятие, ки ҳангоми ҷамъ, тақсим ва истифодабарии мабалағҳои пули давлатӣ ба миён меоянд, тағйир меёбанд ва қатъ мегарданд, инчунин бо меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ ба танзим дароварда мешаванд, муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ ном доранд. Муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ аз субъект, объект ва мазмун таркиб ёфтаанд. Диққати махсусро барои таҳлил субъектони ҳуқуқи молиявӣ…

    Муфассалтар »
  • Мафҳум ва нишонаҳои меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ

    Зери мафҳуми меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ, маҷмуи нишондодҳои ҳуқуқиеро дар назар доранд, ки аз ҷониби давлат бо мақсади танзими муносибатҳои ҷамъиятии ҳангоми ҷамъ, тақсим ва истифодабарии маблағҳои пулии давлатӣ бамиёноянда, тағйирёбанда ва қатъгарданда қабул гардидаанд. Аслан аз таърифи анъанавии мафҳуми меъёри ҳуқуқӣ бар меояд, ки он маҷмуи қоидаи рафтори аз ҷониби…

    Муфассалтар »
  • Мафҳум ва сарчашмаҳои ҳуқуқи молиявӣ

    Дар низоми ҳуқуқии ҶТ яке аз соҳаҳои асосии ҳуқуқ – ҳуқуқи молиявӣ ба шумор меравад. Азбаски он дорои мавзӯъ ва усули мустақили омӯзиш аст, атрофи мустақилияти он ягон шубҳае мавҷуд нест. Яъне баъзе соҳаҳое ҷой доранд, ки онҳоро бинобар надоштани мавзӯъ ва усули мустақили омӯзиш, ё ҳамчун соҳаи комплексӣ (масалан…

    Муфассалтар »
  • Мафҳум ва моҳияти молия ва фаъолияти молиявии давлатӣ

    Молия аз ҷумлаи маъқулаҳо (категорияҳо)-и иқтисодӣ ба шумор рафта дар мавриди иҷроиши вазифаҳои иқтисодии давлат нақши бузургро мебозад. Ин аст, ки дар ҳар як давлати мутамаддин ба раванди амалишавии бенуқсони ин падида ва зуҳуроти ба он марбута диққати ҷиддӣ медиҳанд. Маъмулан, зери истилоҳи «молия» — маҷмӯи муносибатҳои иқтисодиеро дар назар…

    Муфассалтар »
  • Мафҳум ва моҳияти ҷавобгарии экологӣ

    Ҷавобгарии экологӣ дар натиҷаи вайронкунии экологӣ бавуҷуд меояд. Вайронкунии экологӣ гуфта он вайронкуниеро мефаҳманд, ки бо содиршавии он дар доираи муқарраршудаи ҳуқуқ табиат зарар мебинад. Вайронкориҳои экологӣ он зиддияти объективие мебошанд, ки дар сохти экологии ҷамъияту табиат вуҷуд дорад. Моҳияти ҷавобгарии экологӣ дар функсияҳои он зоҳир мегардад. Фуксияҳои ҷавобгарии экологӣ…

    Муфассалтар »