Месяц: Июнь 2017

  • Сохтори идоракунии давлати Сомониён.

                       Нақша: Низоми идораи марказӣ ва мулки Сомониён. Сабабҳои барҳамхурии давлати Сомониён. Ташкили хуби идоракунии давлат  бешак дар рушду камоли он  саҳми муносиб мегузорад. Инро хонадони Сомониён хуб медонистанд.  Яке аз намояндагони  олимақоми ин хонадони бонуфўз – Исмоил инро хуб дарк мекард. …

    Муфассалтар »
  • Исёни Муканнаъ

    Тадричан афзудани бедодгариҳои арабҳо мардумро ба қашшоқи ва хонавайрони дучор гардонд, ки дар натиҷа ҳисси бадбинии аҳолии заҳматкаш ва ҳама табақаҳои иҷтимоии Хуросону Мовароуннаҳр нисбат ба хилафати Аббосиён боло гирифт ва он боиси сар задании ҷунбиши халқи гардид. Ин ҷунбиши халқи солҳои 70-80-уми асри VIII дар Мовароуннаҳр руй дод ва…

    Муфассалтар »
  • Барпо гардидани Ҳокимияги Шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ

    Нақша: Сарнагун намудани тартиботи амирӣ дар Бухоро ва ташкилёбии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро. Ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 1921-1924. Аморати Бухоро давлатии феодалии аз ҷиҳати иқтисодӣ ва сиёсӣ ақибмонда ба ҳисоб рафта, тобеи Русияи подшоҳӣ буд. Пеш аз Инқилоб дар хоки аморат ҳамагӣ 60 корхонаҳои на чандон калони саноатӣ мавҷуд буд,…

    Муфассалтар »
  • Асри санг

    Аввалин олотхои мехнат аз санг сохта шуда буданд, бинобар ин давраи кадимро асри сангин меноманд. Асри санг асосан ба се давра – асри антикаи сангин (палеолит), асри сангини миёна ва асри чадиди сангин (неолит) таксим мешавад. Иклими замони палеолит аз иклими замони мо фарки калон доштааст. Аз ин сабаб наботот…

    Муфассалтар »
  • Ташаккули фарҳанг дар замони Эҳёи аҷам

    Ташаккули фарҳанг дар замони Эҳёи аҷам Нақша: Масоили банду басти илмии падидахои Эхё. Маданияти моддива маънавии ин давра. Эхёи Аҷам ва ахамияти оламшумули он. Масоили банду басти илмии падидахои Эхё Мо дар мавзўи пешин бо назардошти давраи Сомониён дар бораи оғози эхёи халқи тоҷик  сухан рондем. Эхёи миллии халқхои Эрони…

    Муфассалтар »
  • Фарҳанг ва дин  дар аҳди Сомониён

    Фарҳанг ва дин  дар аҳди Сомониён Хусусиятхои асосии маданияти давраи Сомониён Даврае, ки дар бораи он сухан меронем, яке аз мархилахои бузургтарини инкишофи маданияти тоҷикон ба шумор меравад. Ин замони пурзўр шудани муборизаи халқхои ориёимуқобили арабхо аз як тараф, аз тарафи дигар густариши маданияти мусулмониба шумор меравад. Салтанати Сомониён (879-999)…

    Муфассалтар »
  • Пайдоиши Дини Ислом

    Пайдоиши ислом ва мохияти мардумии маданияти мусулмонӣ. Арабхо дар асри vi мелоди бўхрони муносибатхои авлоди патриархалиро аз сар  мегузарониданд. Дар  арабистон қабилахои бисёре зиндагимекарданд, ки хамеша байни хамдигар душманидошта, ҷанг мекарданд ва хар яки онхо худои худро (бут) парастиш мекарданд ва ягонагибайни онхо дида намешуд. Хуллас, онхо дар холати xохилия…

    Муфассалтар »
  • Фарҳанг ва дин дар даврони Сосониён

    Хусусиятхои асосии маданияти давраи Сосониён      Сахми давлатдории Сосониён (227-651) дар такомули иxтимоию мадании халқхои ориёихеле бузург аст. Пурзўршавии хаёти маданидар Форсу Хуросон ва ба марказхои мадани табдил ёфтани онхо; таxлили идхои халқива маросимхои суннати (сада, мехргон, наврўз); пайдоиши намунахои безаволи адабиёти хатти бо забони форсии миёна романхои таърихи дар…

    Муфассалтар »
  • Фарҳанг ва дин дар аҳди ҳахоманишиҳо

    Маданияти давраи хахоманишӣ Дар миёнаи асри VI дар Осиёи Миёна ба ҷои давлати Мидия давлати Хахоманишӣ ба сари қудрат меояд,  ва халқхои Осиёи Миёна дар зери подшохигарии хахоманишихо зиндагикарда маданияти худро инкишоф медоданд. Чихеле, ки М.М.Дьяконов менависад Куруш (Кир) яке аз бузургтарин намояндагони таърихи қадим буд, ки аввалин империяи умумиҷахониро…

    Муфассалтар »
  • Авесто сарчашмаи маънавии фарҳанги мардуми форснажод

    Авесто сарчашмаи маънавии фарҳанги мардуми форснажод Нақша: Пайдоиши «Авесто» ва таърихи пайдоиши он «Авесто» сарчашмаи идеявӣ ва маънавӣ Пайдоиши «Авесто» ва таърихи омўзиши он Доир ба масъалаи пайдоиши «Авесто» дар адабиёти илми ақидахои гуногун ҷой дорад. Як гурўхи олимон (Дюперон, Дармстетер, Мейе, Юар ва ғайра) пайдоиши онро ба мамлакати Мидия…

    Муфассалтар »
  • Дини зардуштия

    Эронинаслҳо яке аз қавму қабилаҳои Осиёи Марказӣ дар давраи ибтидоӣ чандин оинҳои яздонпарастӣ дошта дар охир аз ҳазораи ёздаҳи пеш аз мелодӣ ба дини миллӣ гузаштанро сар када буданд. Аввалин дини миллии эронинаслҳо Зардуштия буда номашро аз номи асосгузораш Зардушт гирифтааст. Зардушт писари Прушасп аз хонадони Спитаман аз деҳқонзодагони ориёӣ…

    Муфассалтар »
  • Фарҳанги қадимтарини мардуми ориёинасл

    Нақша: Хусусияти асосии фарҳанги эрониёни қадим Бохтару Суғд- гавҳораи нахустдавлатӣ фарҳанги тоҷикон Тадқиқи маданияти тоҷикон нишон медихад, ки халқхои осиёи миёна аз даврахои қадим муносибатхои анъанавии мадани доштаанд. инчунин таърихи маданияти тоҷикон бо фархангу маданияти бисёр халқхои мамлакатхои шарқи наздик умумияти хеле наздик дорад, ки онро мо аз асархои бисёр…

    Муфассалтар »
  • Фарҳанги ҷамъияти ибтидоӣ

    Инсоният дар таърихи худ якчанд зинаи ҷамъиятӣ-иқтисодиро аз cap гузаронидааст. Давраи қадимтарин ва дарозтарини таърихи башарият замони ҷамоаи ибтидоимебошад. Даp ин давра тараққиёти қуввахои истехсолкунанда паст буд, оила ва моликияти хусусӣ, синфхо ва давлат вуҷуд надоштанд. Хамаи одамон баробар буда, ба бои ва камбағал ҷудо намешуданд. Инсоният қисми зиёди умри…

    Муфассалтар »
  • Пайдоиши динҳои ибтидоӣ

    ФЕТИШИЗМ. Фетишизм асосан калимаи фаронсавӣ буда, маънои луғавиаш бут-тумор мебошад. Чӣ тавре, ки ба тадқиқотҳо ва мушоҳидаю назоратҳои сайёҳону олимон, савдогарону ҳарбиён дар асрҳои XV-XVIII нишон додаанд, шаклҳои бутҳо бениҳоят зиёд, гуногунҳаҷм ва тариқи гардонидану парастишашон ҳам гуногун будаанд ва дорандагону парастишгарон онҳоро фақат бо мақсади муайяне парастиш мекарданд. Аз…

    Муфассалтар »
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои баъди ҷанги (1946-60-ум)

    Гарчанде Тоҷикистон аз хатти ҷабҳа дур бошад ҳам, вале ҷанг хоҷагии онро хароб карда буд. Хусусан ба ҷабҳа фиристондани автомобил, асп ва дигар олотҳои техникӣ барои давом додани накшаҳои созандагӣ монеъ мешуданд. Дар шаҳр ва ноҳияҳои чумҳурӣ сохтмони манзил, муассисаҳои маданӣ, сохтани каналҳо, кӯпрукҳо ва аз худ кардани заминҳои бекорхобида…

    Муфассалтар »
  • Ҳаракати  Абумуслим ва Шӯриши  Шерак Ибни Шайх

    Аз сиёсати халифаҳои бани – Умиявӣ (661- 750 ), ки ҳимоятгари манфиати аъёну ашрофи араб буданд, на танҳо халқҳои Мовароуннҳру дигар халқҳои истилошуда , балки аҳолии араби хилофат ҳам норози буд. Ин норозигӣ ба муқобили сиёсати бани Умия дар замони халифии Марвонӣ ( 744 – 750) пурзўр ва шиддатнок гардид.…

    Муфассалтар »
  • Ҳаёти тоҷикон дар аморати бухоро ва хонигарии қӯқанд дар нимаи дуюми асри хviii ва нимаи дуюми асри xix

    Дар асри XVIII дар Фарғона хонии мустақили Қӯканд ба вуҷуд омад, ки дар сари он намояндагони қабилаи минг қарор гирифтанд. Ташаккули хонигарй дар миёна ва нимаи дуюми асри XVIII дар замони ҳукмронии Эрдонабӣ ва Норбута ба анҷом мерасад. Хонигарии Қӯқанд, ки марказаш шаҳри Қӯқанд буд, (дар водии Фарғона) як қисми…

    Муфассалтар »
  • Тоҷикон дар хайати Давлати Қарахониён (Қарохитоиҳо) ва Ғазнавиён

    Давлати Қарахониён дар солхои 90 –уми асри Х дар ҳудуди Туркистони Шарқӣ, таъсис ёфта буд. Дар байни муҳаққиқони таърих доир ба пайдоиш ва номи қарохониён баҳсу мунозираҳо вуҷуд доранд. Зоҳиран ҳастии асосии давлати Қарохониёнро қабилахои турки яғмо ва чигил ташкил мекарданд. Асосгузори сулолаи Қарохониён Абдулкарим Буғрохони муғулнажоди туркзабон буд. Давлати…

    Муфассалтар »
  • Осиёи Миёна дар ҳайати Юнону Макдуниҳо 

    Дар асри IV пеш аз милод дар империяи Ҳахоманишиён тараккиёти иктисодии сатрапхои алохида кушишхои истиклолиятхохии онхоро пурзур намуд ва оммаи халк бар зидди зулми Ҳахоманишиён бархест, ки ин боиси заиф гардидани империяи Ҳахоманишихо гардид. Шохи Македония Файлакуси II (Филип) соли 366 аз дасти посбони шахсии худ кушта шуд ва писари…

    Муфассалтар »
  • Осиёи миёна дар ҳайати давлати ҳахоманишҳо

     Нақша: Куруши Кабир ва таъсиси давлати Њахоманишӣ. Ба шоҳаншоҳии Њахоманишиён ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна. Корнамоиҳои чўпони сакоӣ Шерак ва исёни марғиёниён. Асосгузори  давлати бузурги Њахоманишхо Куруши II сараввал хокими шахрчаи Аншан дар вилояти кухистони чанубу гарбии Эрон буд, ки ба хайати подшои Мидия дохил мешуд. Куруш аз ноухдабарории подшохи…

    Муфассалтар »
  • Муборизаи халқи тоҷик бар зидди муғул

    Ташкилёбии давлати муғулхо ва аз тарафи онхо истило шудани Осиёи Миёна. Муборизаи халкхои Осиёи Миёна бар зидди истилогарони муғул. Корнамоии ҷангии Темурмалик. 1.Давлати нахустини муғулхо ҳануз дар асри XI, тахти сарпарастии Хабулхон ташкил ёфта буд. Дар замони хукмронии Амбайгахон дар натиҷаи пурзур гаштани парокандагии байниқабилавӣ /асри XII/ давлати муғулхо барҳам…

    Муфассалтар »
  • Ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол

    Ба кишвари сулҳ табдил ёфтани Тоҷикистон заминаҳои хуби гузаронидани ислоҳот, аз он ҷумла, ислоҳоти сиёсиро фароҳам овард. Пеш аз ҳама он тағйироти куллии сиёсие, ки ҳанӯз дар рафти бозсозӣ ва дар раванди демократикунонии ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба амал омада буданд, қонунӣ гардонидан лозим буд. Дар мамлакат зарурати қабули конститутсияи нав…

    Муфассалтар »
  • Зуҳури ислом ва ташкилёбии хилофати араб

    Пеш аз он ки дар бораи муттахидшавии кабилахои кучманчиву бодиянишини араб тасаввурот пайдо намоем, бояд бо макон ва тарзи зисти онхо шинос шавем. Арабистон ё ки онро сокинонаш «Чазират-ал-араб», ё худ нимчазираи Арабистон ё ба таври кутох «Ал-Чазира» меноманд, аз гарбу шарк дар ихотаи куххои тафсон буда, ба воситаи халичи…

    Муфассалтар »
  • Вазъи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсии халқи тоҷик дар ибтидои асри xx

    Вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии Русия дар ибтидои асри XX хеле тезутунд гашт. Сабаби асосии ин зиддиятҳо инкишофи олами сармоядорӣ ва боқимондаҳои сохти феодалӣ буд. Деҳқонон дар Осиёи Миёна дар вазъияти тоқатфарсо зиндагӣ намуда, андозҳои зиёд месупориданд. Хабари инқилоби якум (1905-1907) дар кишвари Туркистон тез паҳн гардид. Инқилоб таъсири худро…

    Муфассалтар »
  • Бохтар, суғд ва хоразми бузург — қадимтарин давлати ғуломдори дар осиёи маркази

    Давлатҳои қадимтарини Осиёи Миёна: а) Хоразми бузург. б) Подшоҳии Бохтар. в) Мамлакати Суғд. Робитаҳои доду гирифти тоифҳои саҳронишин ва бохтариёну суғдиёни муқимнишин. Мувофики маълумотхо ин давлат дар резишгохи дарёи Ому чойгир буд. Ин чо дар «Авасто» бо номи Арянам Вайчах зикр ёфтааст. Таълимоти Зардушт аввалин бор дар хамин чо пахн…

    Муфассалтар »
  • Ба давлатхои ҷудогона таксим шудани империяи Искандар

    Давлати Селевкиён (солхои 312-256 п.м.). Искандар фарзанди баркамол надошт ва пеш аз вафоташ касеро вориси худ таъин накард. Дар ташкил кардани империя саҳми асосиро Искандар ва сарлашкарони у гузошта буданд. Бинобар ин, баьди марги Искандар дар байни сарлашкарони у барои соҳиби тахт шудан муборизаи шадид cap мешавад. Соли 323 п.м.…

    Муфассалтар »
  • Аз тарафи Русия забт шудани осиёи миёна

    Ҳанӯз аз ибтидои асри ХУШ сар карда, подшоҳони рус мақсад доштанд, ки Осиёи Миёнаро ба тасарруфи худ дароранд. Вале бо сабабҳои гуногун ҳар дафъа ҳуҷуми онҳо мавқуф гузошта мешуд. Ҳуҷуми қатъии қӯшунҳои рус ба Осиёи Миёна дар аввали солҳои 60- уми асри XIX огоз гардид, ки муаррих Намоз Ҳотамов сабабҳои…

    Муфассалтар »
  • Авесто 

    Авасто, қадимтарин асариадабиёти форс-тоҷик, китоби муқаддасизардуштия- оини халқҳои эронинажоди кадим. Авесто — яке аз қадимтарин ёдгориҳои адабиёти бостонии халқи тоҷик китоби мукаддаси Авесто мебошад. Аввал он ба тарзи шифохи аз чониби мубадони зардушти аз дахон ба дахон мегузашт. Забони авестои аз қадимтарин ва мухимтарин забонҳои кадими эрони ба шумор меравад.…

    Муфассалтар »
  • Ватани Зардушт ва таълимоти динию ахлоқии ӯ

    Ватани Зардушт ва таълимоти динию ахлоқии ӯ Зардушт писари Поурушасп аз қабилаи Спитам буда, пеш аз хама аз «Готхо» номи ӯ ба мо маълум мегардад. Соли таваллуд ва xои аниқи зисти ӯро муайян кардан хеле душвор аст. Модом ки «Авесто» дар Ориёи Шарқӣ, яъне дар Осиёи Миёна дар сарзамини тоҷикон…

    Муфассалтар »
  • Давлати Кӯшониёни Бузург

    Дар байни солҳои 141-128 то милод қабилаҳои кӯчманчии эронинажод, ки дар сарчашмаҳои хаттии Хитой ЮЕҶ номида шудаанд, ба Бохтар ҳуҷум карда онро ишғол мекунанд. Дар Бохтар ЮЕҶҳо ба панҷ қисм тақсим шуда, панҷ мулки мустақилро ташкил мекунанд. Хулоса, Осиёи Миёнаро дар охири асри П то милод қабилаҳои эронинасли сакой-массагетӣ, ки…

    Муфассалтар »