Категориянашуда

Барги охирин (қисми 2-юм)

Барги охирин

(қисми 2-юм) (Автор: O’ Henry)

Дар xавониаш Бермен қарор дода буд, ки рассоми номдор шавад.. Чил сол кӯшиш кард, аммо ҳамаи кӯшишҳояш бенатиxа буданд. Акнун умраш аз шаст гузашта буд, бар замми ин баъзан расмҳои тасвиркардаашро мефурӯхт, аммо бо сабаби нӯшидан пули бисёр xамъ карда наметавонист. Дар ҳаёти худ ӯ ду нафарро дӯст медошт, ки онҳо Xонси ва Сю буданд ва Бермен фикр мекард, ки онҳоро бояд нигоҳу бин кунад.

«Ман шоҳасаре хоҳам офарид»- доим ба онҳо лоф мезад ӯ.

«…ва хушбахтона ин хонаҳои ифлосу тангро тарк мекунам!» Вақте ки Сю ҳолати Xонсиро ба ӯ гуфт, ӯ хело андӯҳгин шуд. «Барои чӣ ӯро нағзтар нигоҳу бин накардӣ?- дод зад Бермен. «Ман ҳеҷ гоҳ роҳбари расми ту шуда наметавонам. Бечора, бечора, Xонси. Ӯ сахт бемор аст»- гуфт Сю. «Ва майнаи ӯ пур аз андешаҳои аҷоибанд. Ӯ баргҳои зардгаштаи дарахти ангури куҳансолро мешуморад ва фикр мекунад, ки агар барги охирин аз шох канда шавад, умри ӯ низ ба поён хоҳад расид. Шумо ҳаққед, ҷаноби Бермен, агар роҳбари кори ман шудан намехоҳед».

«Кb гуфт, ки ман роҳбари ту намешавам?»- фарёд зад Бермен

«Занҳо ҳамин хел аблаҳанд! Зуд биё! Xонси дар рӯи кат бемор хобидааст, ту бошӣ дар ин ҷо мелаққӣ».

Ҳангоме ки Сю бо Бермен вориди ҳуҷра шуданд, Xонси хоб буд. Онҳо ба назди тиреза рафта, ба берун нигаристанд.

Панx дақиқа Бермен ба дарахти ангур нигарист ва хомӯшона аз дар берун шуд.

Шаб шамоли сахт бо овози гулдурросии худ борони сарде овард. Сю дар назди кати Xонси хоб накарда шабро паси сар кард. Субҳи барвақт ӯ дид, ки чашмони Xонси беруни оинаро менигаристанд. Вақте Сю нигоҳ кард, дар он ҷо танҳо як барги дарахти ангур буду халос.

«Охиринаш»- гуфт Xонси. Ман тамоми шаб овози шамолро шунидам, аммо фаҳмида наметавонам, ки чаро ин барг наафтодааст. Боварb дорам, ки он имрӯз меафтад ва дар ҳамон лаҳза риштаи умри ман низ канда хоҳад шуд.

«Оҳ, Xонси»-гуфт Сю, «маро фикр кун! Ман бе ту чӣ хоҳам кард»? Вале Xонси xавоб надод.

Тадриxан рӯз бегоҳ шуд. Ҳар дақиқа барои Xонси соате менамуд. Дар поёни рӯз боди сарде аз тарафи Шимол вазида борони хунуки тирамоҳиро овард. Борон тамоми шаб борид, сапедадам духтарон якҷоя ба беруни шиша нигаристанд. Барг ҳоло ҳам он ҷо буд.

Чанд дақиқа Xонси оромона дароз кашид. Баъд ӯ гуфт: «ман тамоми шаб шуввоси шамолро шунидам, аммо баргчаи шуxоъ аз он тоб овардааст. Ман духтари накӯ набудам, Сю, маро бубахш. Барги охирин ба ман мубориза бо зиндагӣ ва нек набудани маргхоҳиро омӯзонд. Ту акнун барои ман каме нон, равған ва чой биёр, пасон шир хоҳам нӯшид». Баъди соате Xонси ба Сю гуфт: «камина сурати «Бӯҳрон дар баҳр»-ро тасвир кардан мехоҳам».

Нисфирӯзӣ духтур омад ва гуфт, ки Xонси хело хуб аст. «Сю, имкониятҳои Xонси бисёр беҳтаранд, агар ӯро нағз эҳтиёт кунед барои шумо ин муваффақият хоҳад буд. Айни ҳол ман бояд ба бистари бемори дигаре равам. Номи ӯ Бермен аст, ӯ рассом мебошад, фикр мекунам ӯ низ касалии шуш аст. Мо ӯро ба беморхона хоҳем бурд, аммо ӯ солхӯрда буда дили суст дорад. Умеде аз зинда мондани ӯ нест, метарсам».

Рӯзҳо паси сар мешуданд. Рӯзе Сю ба назди болини Xонси омада нишаст. «Xонам, ман бояд якчанд чизро ба ту гӯям»-гуфт ӯ. Ҷаноби Бермен худи ҳамин рӯз бо сабаби бемории шуш дар беморхона вафот кард. Табибон рангҳои сабз ва зардро дар утоқи ӯ ёфтаанд. Оё ту он баргро мебинb? Он аз ангур нест, дониста бош,ки онро Бермен дар девор тасвир кардааст. Чаро вақте шамол вазид он наxунбид»?.

« Оооҳ, чихел зебо. Ҷаноби Бермен инро дар он шаби пуртуғён, ки барги вопасин афтод, кашидааст. Ин аст шоҳасари ӯ.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *