Сураҳои Қуръон
Сураи НАБАЪ (78. An-Naba)
the download will begin in 10 seconds (limit : 500ko/s)
1
2
1. عَمَّ يَتَسَاءَلُونَ
78|1|Аз чӣ чиз (ҳамдигарро) мепурсанд?
2. عَنِ النَّبَإِ الْعَظِيمِ
78|2|Аз он хабари бузург, (қиёмат).
3. الَّذِي هُمْ فِيهِ مُخْتَلِفُونَ
78|3|ки дар он ихтилоф мекунанд.
4. كَلَّا سَيَعْلَمُونَ
78|4|Оре, ба зудӣ хоҳад донист.
5. ثُمَّ كَلَّا سَيَعْلَمُونَ
78|5|Боз ҳам, оре, ба зудӣ хоҳанд донист!
6. أَلَمْ نَجْعَلِ الْأَرْضَ مِهَادًا
78|6|Оё Мо заминрро бистаре насохтем?
7. وَالْجِبَالَ أَوْتَادًا
78|7|Ва кӯҳҳоро мехҳое?
8. وَخَلَقْنَاكُمْ أَزْوَاجًا
78|8|Ва шуморо ҷуфт-ҷуфт офаридем.
9. وَجَعَلْنَا نَوْمَكُمْ سُبَاتًا
78|9|Ва хобатонро оссишатон гардонидем.
10. وَجَعَلْنَا اللَّيْلَ لِبَاسًا
78|10|Ва шабро пӯшишатон қарор додем.
11. وَجَعَلْنَا النَّهَارَ مَعَاشًا
78|11|Ва рӯзро вақти талаби маъишат. (касб).
12. وَبَنَيْنَا فَوْقَكُمْ سَبْعًا شِدَادًا
78|12|Ва бар болои саратон ҳафт осмони устувор бино кардем.
13. وَجَعَلْنَا سِرَاجًا وَهَّاجًا
78|13|Ва чароғе равшан офаридем. (офтоб).
14. وَأَنْزَلْنَا مِنَ الْمُعْصِرَاتِ مَاءً ثَجَّاجًا
78|14|Аз абрҳои боронзой обе фаровон нозил кардем,
15. لِنُخْرِجَ بِهِ حَبًّا وَنَبَاتًا
78|15|то бо он донаву набот бирӯёнем
16. وَجَنَّاتٍ أَلْفَافًا
78|16|ва бӯстонҳои анбӯҳ (сердарахт).
17. إِنَّ يَوْمَ الْفَصْلِ كَانَ مِيقَاتًا
78|17|Албатта рӯзи доварӣ рӯзест муъайян.
18. يَوْمَ يُنْفَخُ فِي الصُّورِ فَتَأْتُونَ أَفْوَاجًا
78|18|Рӯзе, ки дар сур дамида шавад, ва шумо гурӯҳгурӯҳ биёед.
19. وَفُتِحَتِ السَّمَاءُ فَكَانَتْ أَبْوَابًا
78|19|Осмон шикофта шавад ва ҳар шикоф даре бошад.
20. وَسُيِّرَتِ الْجِبَالُ فَكَانَتْ سَرَابًا
78|20|Ва куҳҳо равон шаванд ва сароб гарданд.
21. إِنَّ جَهَنَّمَ كَانَتْ مِرْصَادًا
78|21|Ҷаҳаннам дар интизор бошад.
22. لِلطَّاغِينَ مَآبًا
78|22|Саркашонро бозгаштангоҳест.
23. لَابِثِينَ فِيهَا أَحْقَابًا
78|23|Замоне дароз дар он ҷо бошанд.
24. لَا يَذُوقُونَ فِيهَا بَرْدًا وَلَا شَرَابًا
78|24|На хунукӣ чашанду на об,
25. إِلَّا حَمِيمًا وَغَسَّاقًا
78|25|фақат оби ҷӯшону хуну чирк. (нӯшанд).
26. جَزَاءً وِفَاقًا
78|26|Ин ҷазоест мувофиқи кирдор.
27. إِنَّهُمْ كَانُوا لَا يَرْجُونَ حِسَابًا
78|27|Зеро онон ба рӯзи ҳисоб умед надоштанд.
28. وَكَذَّبُوا بِآيَاتِنَا كِذَّابًا
78|28|Ва оёти Моро ба сахтӣ дурӯғ мебароварданд.
29. وَكُلَّ شَيْءٍ أَحْصَيْنَاهُ كِتَابًا
78|29|Ва Мо ҳама чизро дар, китобе шумора кардаем.
30. فَذُوقُوا فَلَنْ نَزِيدَكُمْ إِلَّا عَذَابًا
78|30|Пас бичашед, ки фақат бар азоби шумо хоҳем афзуд!
31. إِنَّ لِلْمُتَّقِينَ مَفَازًا
78|31|Парҳезгоронро ҷоест дар амон аз ҳар осеб,
32. حَدَائِقَ وَأَعْنَابًا
78|32|бӯстонҳову токистонҳо
33. وَكَوَاعِبَ أَتْرَابًا
78|33|ва духтароне ҳамсол бо пистонҳои баромада
34. وَكَأْسًا دِهَاقًا
78|34|ва ҷомҳои пур.
35. لَا يَسْمَعُونَ فِيهَا لَغْوًا وَلَا كِذَّابًا
78|35|На сухани беҳуда шунаванд ва на дурӯғ
36. جَزَاءً مِنْ رَبِّكَ عَطَاءً حِسَابًا
78|36|ва ин мукофотест кофӣ аз ҷониби Парвардигорат—
37. رَبِّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا الرَّحْمَنِ لَا يَمْلِكُونَ مِنْهُ خِطَابًا
78|37|Парвардигори осмонҳову замин ва он чӣ миёни онҳост. Он Худои раҳмон, ки касро ба Ӯ ёрои хитоб набошад,
38. يَوْمَ يَقُومُ الرُّوحُ وَالْمَلَائِكَةُ صَفًّا لَا يَتَكَلَّمُونَ إِلَّا مَنْ أَذِنَ لَهُ الرَّحْمَنُ وَقَالَ صَوَابًا
78|38|рӯзе, ки рӯҳ ва фариштагон ба саф меистанд ва кас сухан намегӯяд, ғайри он ки Худои раҳмон ба ӯ рухсат диҳад, ва ӯ сухан ба савоб гӯяд.
39. ذَلِكَ الْيَوْمُ الْحَقُّ فَمَنْ شَاءَ اتَّخَذَ إِلَى رَبِّهِ مَآبًا
78|39|Он рӯз рӯзест омаданӣ. Пас ҳар кӣ хоҳад ба сӯи Парвардигораш бозгардад.
40. إِنَّا أَنْذَرْنَاكُمْ عَذَابًا قَرِيبًا يَوْمَ يَنْظُرُ الْمَرْءُ مَا قَدَّمَتْ يَدَاهُ وَيَقُولُ الْكَافِرُ يَا لَيْتَنِي كُنْتُ تُرَابًا
78|40|Мо шуморо аз азобе наздик метарсонем: рӯзе, ки одамӣ ҳар чиро пешопеш фиристодааст, менигарад ва кофир мегӯяд: «Эй кош, ман хок мебудам!»