Ҳуқуқ ва шахсият ин чи маъно дорад?

  • Эта тема пуста.
Просмотр 1 сообщения - с 1 по 1 (всего 1)
  • Автор
    Сообщения
  • #26025
    Насим
    Гость

    Ҳуқуқи инсон хусусияти хоси ҳар як одам ва аломатҳои барҷастаи ҳастии ӯ мебошад. Давлат ҳуқуқро «тухфа» намекунад, вай танҳо ҳуқуқро бо қонун мустаҳкам ва дар амал татбиқ намудани онро таъмин мекунад. Дар ин сурат давлатро ҳуқуқбунёд номидан мумкин аст. Агар давлат ҳуқуқи аслии инсонро ба эътибор нагирад, ва баръакс ҳуқуқро маҳдуд созад, нобуд кунад, ба татбиқи он монеъ гардад ва ё барои амалӣ кардани ҳуқуқи танҳо гурӯҳи алоҳидаи шахсон, табақаҳо, синфҳо шароит фароҳам орад, пас ин гуна давлат зиддидемократӣ (ҳукмраво, мутлақ ва монанди инҳо) ҳисобида мешавад.
    Дар адабиёт ва қонунҳо инчунин категорияи «ҳуқуқи шаҳрванд», «ҳуқуқи шахсият» истифода бурда мешавад.
    Ҳуқуқи инсон асолати табиӣ дошта, аз фард ҷудо карда намешавад, он (ҳуқуқ) бидуни ҳудуд ва бидуни миллат буда, новобаста дар санадҳои қонунии давлат мустаҳкам шуданаш ё нашуданаш, вуҷуд дорад, объекте мебошад, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналмиллалӣ танзим ва ҳифз карда мешавад.
    Ҳуқуқи шаҳрванд ин маҷмӯи салоҳияти табиист, ки дар ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии давлат инъикос ёфтаанд ва салоҳиятҳое мебошанд, ки дар рафти тараққиёти ҷамъият ва давлат ба даст оварда шудаанд.
    Ҳуқуқи шахсиятро чун салоҳияте маънидод мекунанд, ки ба фарди мушаххас дар вазъи мушаххас тааллуқ дорад. Андозаи ин ҳуқуқ аз вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, вазъи ҷамъиятию сиёсии инсон, шароити кор ва истиқомати ӯ вобаста аст. Дар зери истилоҳи «шахсият» одам, шаҳрванд, шаҳрванди хориҷӣ, шахсони бешаҳрвандӣ, гуреза фаҳмида мешавад.

Просмотр 1 сообщения - с 1 по 1 (всего 1)
  • Для ответа в этой теме необходимо авторизоваться.