Шаклҳои ҳуқуқ: мафҳум ва намудҳо

  • Эта тема пуста.
Просмотр 2 сообщений - с 1 по 2 (из 2 всего)
  • Автор
    Сообщения
  • #26026
    Саёд
    Гость

    Шаклҳои ҳуқуқ: мафҳум ва намудҳо дар бораи ҳамин каме шарҳ диҳед

    #26027
    Усмон
    Гость

    Ҳуқуқ шаклҳои муайяни ифодаёбӣ ва мавҷудияти худро дорад. Дар зери мафҳуми шаклҳои ҳуқуқ тарзҳои ба амри қонун даровардани иродаи давлатӣ фаҳмида мешавад. Яъне шаклҳои ҳуқуқ ин воситаи ташкил намудани иродаи давлати мебошанд.
    Агар мазмуни ҳуқуқ- ин маҷмӯи меъёрҳои он бошад, пас шакли ҳуқуқ ин тарзи ифодаёбӣ, мустаҳкамнамоии ин меъёрҳо дар шакли моддӣ мебошад.
    Ҳамин тавр, шаклҳои ҳуқуқ (сарчашмаҳои ҳуқуқу) – ин тарзи расмии ифодаёбӣ ё мустаҳкам намудани меъёри ҳуқуқ мебошад, ки ба тартиби муайян шуда ба расмият дароварда шуда аз ҷониби давлат эътироф карда мешавад. Ҳуқуқ бо ёрии шакл хусусият ва нишонаҳои ҷудонашаванда худро пайдо мекунад: онҳо барои ҳама ҳатмӣ, барои ҳама маълум будан ва ғайра мебошанд.
    Одатан дар назария чаҳор намуди шаклҳои (сарчашмаҳои) ҳуқуқро эътироф менамоянд, ки онҳо Одатҳои ҳуқуқӣ-инхо коидае мебошанд ки ба одати халк табдил ёфта риояи он бор охи мачбари аз чониби давлат таъмин мегардад. Амсоли ҳуқуқӣ- ин карорхои суди ки минбад барои хал намудани корхои монанд истифода мебаранд. Шартномаҳои меъёрӣ- ин гуфтушуниди ду тарафа ва бисёр тарафа мебошад ки мазмуни онхоро меъёрхои хукук ташкил медихад. Санадҳои меъёри- хуччати расмиест ки аз чониби макомоти давлати ё шахсони мансабдор ё халк ( бо рохи райпурси ) бароварда мешавад.

Просмотр 2 сообщений - с 1 по 2 (из 2 всего)
  • Для ответа в этой теме необходимо авторизоваться.