Хусусиятҳои хоси ҳуқуқ

  • Эта тема пуста.
Просмотр 1 сообщения - с 1 по 1 (всего 1)
  • Автор
    Сообщения
  • #26022
    Насим
    Гость

    Арзиши ичтимои ва накши хукук дар чамъият боиси хусусиятхои хоси хукук яъне; меъри будан, шаклан муайян, мачбури будан, бо низоми, ва динамизм мегарданд. Албата хусусияти меъёри будан ба хукук имконият медихад, ки хамчун танзимгари муносибатхои чамъияти баромад намояд. Яке аз хусусиятхои хукук ин шаклан муайян будани он мебошад. Пеш аз хама хукук аз меъёрхо иборат аст. Меъёри аз тарафи давлат кабул карда шуда бо муайянии катъи аз руи мазмун дар конун ифодаи худро меёбад. Аники, катъи будан дар мазмуни хукук дар хучатхои расмии давлати шаклан муайянии худро пайдо мекунад. Ба хукук инчунин хусусияти мачбури хос мебошад. Ин маънои онро дорад, ки дар хукук иродаи халк тачассум мешавад ва давлат онро мухофизат менамояд. Динамизм, хусусияти хукукро тавсиф мекунад. Сухан дар инчо оиди меъёри хукук, ки дар санадхои расмии давлати ифода гашта, хусусиятхои дигаршави, низоми серхаракат, диномизмро дорад меравад. Меъёрхои хукук дар мавридхои лозима метавонанд дигаргун, бекор ё бо меъёрхои нави ваз карда шаванд.

Просмотр 1 сообщения - с 1 по 1 (всего 1)
  • Для ответа в этой теме необходимо авторизоваться.