Меъёрхои ичтимои чамъияти ибтидои

  • Эта тема пуста.
Просмотр 2 сообщений - с 1 по 2 (из 2 всего)
  • Автор
    Сообщения
  • #26024
    Насим
    Гость

    Ҳокимият−қобилият ва имконияти ба амал баровардани иродаи худ, расонидани таъсири ҳалкунанда ба фаъолият, ба рафтори одамон, бо ёрии ягон восита — эътибор, ҳуқуқ, зӯрӣ мебошад.
    Меъёрхои ичтимои−коидахои рафторе, ки муносибатхои байни одамонро танзим менамояд.
    Ҳамагуна ҷамъияти инсонӣ аз он ҷумла, ҷамъияти ибтидоӣ идоракуниро металабид. Вобаста ба ин хадду ҳудуди қоидаҳои рафтори иҷтимоӣ амал мекарданд, ки фаъолияти ҳамарўзаи одамонро ба тартиб медароваранд.
    Њамин тавр, муносибатҳои байни аъзоёни ҷамъияти ибтидоиро қоидаҳои махсуси рафтору кирдор, яъне урфу одатҳо танзим мекарданд.
    Хокимият ва меъёрхои ичтимои дар чамъияти ибтидои
    Урфу одатҳо — қоидаҳои рафтору кирдоре мебошанд, ки аз қадим ба вуҷуд омада, дар натиҷаи борҳо такрор шудан ба одат табдил ёфтаанд. Ин одатҳо манфиати ҳамаи аъзои ҷамъиятро ифода карда, баробарии байни онҳоро мустаҳкам мекарданд, бо қувваи эътибори афкори ҷамъиятӣ, институтҳои анъанавӣ ва манъкуниҳо таъмин карда мешуданд.
    Урфу одатҳо ҳамчун меъёри ташкил кардани ҳаёти ҷамъиятӣ, меъёри ибтидоии ахлоқу одоб, меъёри дину оин ҳам ҳисоб мешуданд ва бинобар ин дар илм ҳамаи онҳоро меъёри ягона (мононорм) меноманд.
    Ѓайр аз он дар ҷамъияти ибтидоӣ боз намудҳои дигари меъёрҳои иҷтимоӣ, ки мувофиқи тасаввуроти даври ибтидоӣ бо номи меъерҳъои ахлоқи, динӣ, асотирҳо ва ғайраҳо маълум буданд, амал мекарданд.
    Меъерҳои ахлоқӣ — қоидахои рафтору кирдоре мебошанд, ки муносибатҳои байни одамонро дар асоси тасаввуроти даври ибтидоӣ дар бораи хайру шарр танзим мекарданд.
    Меъёрҳои динӣ – қоидаҳои рафторе мебошанд, ки муносибатҳои байни одамонро дар асоси тасаввуроти динии онҳо танзим менамуданд.
    Асотир (мифология) – маҷмуи асотире (ҳикояҳо, ривоятҳо дар бораи худоҳо, қаҳрамонҳо, азозилҳо, арвоҳҳо ва ғайра) мебошад, ки тасаввуроти хаёлии (фантастии) одамонро дар бораи олам, табиат ва мавҷудияти инсон инъикос менамуданд.
    Табу – манъкунии диниест, ки нисбати амал, сухан ва монанди инҳо муайян карда шуда, дар сурати вайрон карда шудани он ҳатман гирифтори ҷазои сахти (беморӣ, марг) руҳу арвоҳ ва худоҳои хаёлӣ (фантастӣ) мешавад.

    #27073
    Шаҳром
    Гость

    ҳаҳаҳаҳаҳаҳаҳаҳаҳа

Просмотр 2 сообщений - с 1 по 2 (из 2 всего)
  • Для ответа в этой теме необходимо авторизоваться.