Массаи атом

Помечено: 

Просмотр 1 сообщения - с 1 по 1 (всего 1)
  • Автор
    Сообщения
  • #39737

    Масса.
    Массаи атом асосан аз рӯйи массаи ҳаста муайян карда мешавад. Дар таркиби ҳастаи атом дар қатори протонҳо (Z) нейтронҳои бебарқа (N) низ мавҷуданд. Ҷамъи адади протонҳо ва нейтронҳоро адади массавӣ (А=Z+N) меноманд. Массаи ҳаста аз массаи электронҳои таркиби атом ҳазорҳо бор зиёд мебошад (масалан, mp = 1836 me ва mn = 1838,5 me (me — массаи электрон)). Он қариб ба ҷамъи массаи протонҳову нейтронҳо баробар аст ва аз 1,67∙10-27 кг (массаи атоми гидроген, Z=1) то ~ 4∙10-25 кг (массаи атоми фермий, Z=100) тағйир меёбад. Атоми ҳамон як унсур (Z=сonst), ки адади массавии гуногун дорад, изотоп но¬ми¬да мешавад ва хусусиятҳои кимиёии монанд ва хусусиятҳои физикии ба ҳам наздик дорад.

Просмотр 1 сообщения - с 1 по 1 (всего 1)
  • Для ответа в этой теме необходимо авторизоваться.