Дар муносибатҳои андозбандӣ ба сифати агенти андоз кӣ баромад мекунад?

  • Эта тема пуста.
Просмотр 1 сообщения - с 1 по 1 (всего 1)
  • Автор
    Сообщения
  • #41591
    Main Aditor
    Хранитель

    Ҷавоб: Ба сифати агенти андоз ташкилот ё соҳибкорӣ инфиродие баромад мекунад, ки ба зиммаашон вазифаи ҳисоб намудани андоз, аз андозсупоранда ё аз манбаи пардохт нигоҳ доштан ва ба буҷети дахлдор гузаронидани он гузошта шудааст.

    Ба сифати агенти андоз, ҳамчунин шахсони ҳуқуқӣ, филиалу намояндагиҳо ва соҳибкорони инфиродӣ баромад менамоянд.

    Агенти андоз вазифадор аст:

    — андозҳои аз андозсупоранда ё аз манбаи пардохт нигоҳдошташавандаро дуруст ва сари вақт ҳисоб намояд, нигоҳ дорад ва ба буҷет гузаронад;

    — даромадҳои ба андозсупорандагон пардохташуда, андозҳои аз андозсупорандагон (ё аз манбаи пардохт) нигоҳдошташуда ва ба буҷети дахлдор гузаронидашударо ба ҳисоб гирад, аз ҷумла оид ба ҳар як андозсупоранда ҳисоби ҷудогона барад;

    — ба мақомоти андози маҳалли қайди хеш мувофиқи тартиби пешбининамудаи  ҳисоботи андоз пешниҳод намояд.

    Бо мақсади дар ҳаҷмҳои пурра ва сари вақт таъмин намудани иҷрои ӯҳдадориҳои андозӣ қонунгузории андоз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро ба сифати агенти андоз муқаррар намудааст. Онҳо худашон соҳиби даромади андозбандишаванда набуда, ба дигар шахсон даромад медиҳанд ва бояд аз даромади медодаашон андозҳоро нигоҳ дошта ба буҷети давлат гузаронанд. Яъне агенти андоз барои нигоҳ доштан ва ба буҷетҳои дахлдор гузаронидани андозҳо ӯҳдадор буда, дар мавриди риоя накардани тартиби муқарраршуда аз ҳисоби худ андозҳои нигоҳдоштанашуда, ҷаримаҳо ва фоизҳои дахлдорро ба буҷет пардохт намояд. Бинобар ҳамин, агенти андоз ва андозсупоранда дорои як мақом мебошанд.

Просмотр 1 сообщения - с 1 по 1 (всего 1)
  • Для ответа в этой теме необходимо авторизоваться.