Гузаришҳои оптикӣ

Помечено: 

Просмотр 1 сообщения - с 1 по 1 (всего 1)
  • Автор
    Сообщения
  • #39739

    Гузаришҳои оптикӣ.
    Дар гузаришҳои оптикӣ атом фотони дорои энергияи Еm– En = hν-ро меафканад ё ҳамин гуна фотонро фурӯ мебарад. Дар гузаришҳои Еm→En тайфи афканиши атом ва дар гузаришҳои Еn→Em тайфи фурӯбурди атом ба вуҷуд меояд. Дар ҳолати асосӣ умри атом интиҳо надорад, аммо дар ҳолатҳои ангехта маҳдуд (~10–8 с) аст.

    Маҷмӯи басомадҳои гузаришҳои имконпазири оптикӣ тайфи оптикии атомро таъйин мекунад, ки дар чанд силсилаи тайфӣ (маҷмӯи хатҳои тайфии мансуб ба қимати яксони n, ки шиддаташон бо ин ё он қонуният тағйир меёбад) зуҳур мекунанд. Бо чашми номуҷаҳҳаз танҳо силсилаи Балмерро, ки барояш n = 2, m = 3, 4,…аст, дидан мумкин аст, чунки он дар соҳаи намоёни тайфи оптикӣ ҷойгир аст. Барои атоми ҳидроген силсилаҳои дигар – дар соҳаи ултрабунафши тайф силсилаи Лайман (n = 1, m = 2, 3,…), дар соҳаи инфрасурх силсилаи Пашен (n = 3, m = 4, 5,…), силсилаи Бреккет (n = 4, m = 5, 6,…), силсилаи Пфунд (n = 5, m = 6, 7,…) ва силсилаи Хамфри (n = 6, m = 7, 8,…) низ мушоҳида шудаанд (ниг. расми 1,б). Дар ин расм Еn = Wn – энергияи пурраи электрон дар атом (дар савияи n) мебошад. Қимати ҳудудии адади мавҷӣ n→∞«сарҳадисилсилаитайфӣ»-роифодамекунад.

Просмотр 1 сообщения - с 1 по 1 (всего 1)
  • Для ответа в этой теме необходимо авторизоваться.