Фанни Таърих

Сохтори идоракунии давлати Сомониён.

                   Нақша:

  1. Низоми идораи марказӣ ва мулки Сомониён.
  2. Сабабҳои барҳамхурии давлати Сомониён.

Ташкили хуби идоракунии давлат  бешак дар рушду камоли он  саҳми муносиб мегузорад. Инро хонадони Сомониён хуб медонистанд.  Яке аз намояндагони  олимақоми ин хонадони бонуфўз – Исмоил инро хуб дарк мекард.  Аз ин рў баробари ба сари қудрат омадани хеш  масъалаи аз рўи нақша  ташкилу амал намудани давлатро ба миён гузошт. Баъди ғалабаи      Исмоил аз болои  Саффориён  (с 900)  Сомониён ташкили  идоракунии бонизомро  ба миён гузоштанд.  Исмоил  шакли беҳтарини   идоракунии давлатро дар девонҳо  ( вазоратҳо) медид. Вай таҷрибаи давлатҳои гузаштаро ба инобат гирифта  бо роҳи девонҳо  идора намуданро асос  мешуморид. Исмоили Сомониӣ  барои идораи тамоми  корҳои давлати бузурги  марказиятнок  зарурияти дастгоҳи  давлатиро нағз мефаҳмид. Дар ташкили чунин сохти давлатдори  ба ғайр аз Исмоили Сомонӣ  боз наберааш  Насри 11 Сомонӣ  ( 914 – 943)  низ нақши бузург  бозидааст.  Дар замони салтанати Насри 11 дар атрофи  регистони Бухоро  даҳ бинои азим сохта шуд, ки дар ҳар кадоми он девонҳои  алоҳида ҷой гирифтаанд.  Ин шакли идоракуни ҳанўз дар  замони арзи вуҷуд кардани  давлати Сосониён  ташкил шуда буд. Ин усулро арабҳо низ истифода намуданд.  Ҳангоми  дар хилофат ҳукмрон будани Аббосиён  бо кўмаки тоҷикону  эрониҳо онҳо  бо роҳи девонҳо идора кардани давлатро  таҷриба карданд. Яке аз сабабҳои асосии дар дарбори хилофати Араб роҳ ёфтани  оли Бармакиён низ дар ҳамин зикр меёбад. Зеро онҳо дар замони ҳукмронии Сосониён вазирони ин давлати  муқтадир буда,  дар такмили идоракунии мамлакат саҳми муносиби хешро гузошта буданд.

Азбаски онҳо мардони заковатманд буданду  дар идоракунии мулк  таҷрибаи хоса доштанд, бинобар  ин арабҳо ба онҳо такя намуда, аз таҷрибаашон баҳраманд шуданд. Аммо Сомониён сохтори арабию сосонии идоракунии давлатро хеле  такмил доданд.

Давлати Сомониён аз ҷиҳати сохташ  феодалӣ буда, ба ду даргоҳ:

дарбори подшоҳӣ ва девонҳо,  яъне  вазоратҳо ё  идораҳои ҳарбӣ- гражданӣ тақсим мешуд. Идораҳои  девонҳо дар рў ба рўи бинои дарбори подшоҳ қарор доштанд. Дар замони Насри 11 ибни Аҳмад дар Регистони Бухоро даҳ девон амал мекард. Инҳо  чунинанд:

  1. Девони вазир ё Ҳоҷиби бузург. – Ин калонтарин девон ба шумор мерафт. Тамоми девонҳои дигар тобеи  он буда, ҳар сари вақт  ба вай ҳисобот пешкаш менамуданд. Сардори девон дар дарбор  ба мавқеи  хоса соҳиб буд. Вай баъди амир шахси дувум ба шумор мерафт.

Амир дар интихоби  сардорони ин девон кўшишҳои зиёде ба харҷ медод.  Зеро он ҳалкунандаи он ҳалкунандаи ҳаёту мамоти давлат буд. Бинобар ин  амирони Сомонӣ  кўшиш ба харҷ медоданд, ки одамони дасти тоза дошта, покдилу олиму сиёсатмадрро интихоб намуда, сарпарастии ин девонро ба онҳо вогузор намоянд.

  1. Девони муставфӣ ё хазинадор. Ин девон оиди  воридоту содирот кор мебурд. Муставфӣ – девонсолор баъди ҳоҷиби бузург дар дарбор шахси дувуми обрўманд ба шумор мерафт. Подшоҳ ба вазифаи муставфӣ одамони ба худ содиқ ва дасти тоза доштаро пешбарӣ мекард. Зеро тамоми боигарӣ ва амволи мамлакат дар зери дасти вай нигоҳ дошта мешуд.
  2. Девони Расоил ё амид-ул- мулк. — Корҳои муҳими давлатиро иҷро мекард. Сирҳои асосии давлатдориро он дар худ таҷассум намуда, идораи умури сиёсӣ бо кишварҳои хориҷиро ба ўҳда дошт. Сардори ин девонро аз  одамони ба амир наздик  таъин  менамуданд.  Дар масъалаҳои  мухталифи сиёсию байналмилалӣ амирро  мушовир буд.
  3. Девони соҳибушурот ё артиш. —  Вазифаи вазири мудофиа ( ҷанги) –ро адо мекард.  Дар замони Сомониён он сипаҳсолор ном дошт. Сопаҳсолорро худи амир таъин мекард ва ў аз болои кори артиш, таъминоти он бо озуқа, сару либос кор мебурд. Сардори девон соле як маротиба паради ҳарбӣ созмон медод.  Паради низомиро, ки аз ҳисоби  қушуни савора, пиёдагард, найзазан ва филҳои ҷангӣ ташкил мешуд,

худи подшоҳ қабул мекард. Инчунин  ин девон  вазифаи  посбонӣ ва таъмини  амнияти  мулкро  ба ўҳда дошт.

  1. Девони соҳиб – ул- барид ё алоқа. — Яке аз муҳимтарин девонҳои давлатӣ  ба ҳисоб мерафт. Дар ихтиёри он ҳама воситаҳои ахборӣ буд. Тамоми хабару воқеъоте, ки дар қаламрави  давлат рух медод, албатта,  ин девон  ба самъи  подшоҳ  ва дарбориён мерасонд. Сардори ин девон ҳуқуқ дошт, ки бо подшоҳ ва халиф озодона гуфтугў намуда, кори хешро ҳал  кунад. Ин девон дар ихтиёраш амволи зиёди нақлиётӣ, кабутарони хатбар ва чизҳои дигар дошт.  Кормандони он танҳо хизмати ҳукуматдоронро  ба ҷо меоварданд. Хату номаҳои мардуми оддиро  аз маҳал ба  маҳал  намебурданд.
  2. Девони муҳтасиб ( савдо). —  Муҳтасибон дар даргоҳи Сомониён мақоми махсусро соҳиб буданд. Онҳо таҳти сарпарастии  сардори девони худ  аз болои кори бозорҳо, фуруши маҳсулот, тарозудорӣ,  сифати моли ворид мешудагӣ  назорат мебурданд.

Баробари ин муҳтасиб аз болои тартиботи шаҳрдорӣ назорат карда, пеши роҳи майнўшону  авбошонро мегирифтанд.  Ғайр аз ин  ба муқобили дуздию фосиқӣ  чораҳои зарурӣ  меандешиданд.

Муҳтасибон аз ҳисоби зердастони хеш  дастаи махсус созмон дода дар маҳалҳо мегаштанд. Шахсоне, ки бо ҷиноят аз тарафи онҳо дастгир мешуданд, дар маҷлиси  васеи  маҳал  муҳокима намуда, ба онҳо ҷазои  сазовор медоданд.

  1. Девони мушриф ё ашроф. – Сардори ин девонро мушриф мегуфтанд.  Дар  «Таърихи Байҳақӣ»  мушриф чун хазинадор  ёд карда мешавад. Бинобар ин ашроф вазифаи нигоҳ доштани сирру асрори давлатиро иҷро мекард.  Бо супориши подшоҳ аз паси шахсони масъул  назорат мебурд.
  2. Девони амлоки хосаи султон ё аззиёъ.  —  Дар замони оли Сомон ин девон  вазифаи ҷамъ намудани амлокро аз мулкҳои султонӣ ( давлатӣ)  адо мекард.
  3. Деваони алқузо ё қозӣ. – Ин девон ба даъвоҳои мардум расидагӣ мекард, тақрибан  дар ҳукми  вазорати додгустар буд.  Раис ё вазири онро дар марказ қозиюлқузот  мегуфтанд.  Шахсе, ки фиқҳу шаръи исломро медонист ба ҳамин мансаб таъин мешуд.  Ошти додани мухолифин,  назорату сарпарастии  ба шаваҳар додани духтарони беволидайн, содир намудани ҳукмҳои додгустарӣ,  назорат аз болои вақфномаҳо,  кайфар  ( ҷазо) додани қарздорон ва ғайра  вазифаҳои ин девон  ба шумор мерафтанд.
  4. Девони авқоф ё вақф. —  Он масъули назорат  бар масоҷид  ва  арозиву  амокини  ( замину макон ) вақфи ва кори мутаваллиён буд. Сиёсати хукумати марказӣ ба он нигаронида шуда буд, ки соҳибони вақфҳоро  дар хидмати хеш нигаҳ дорад.

Бо девонҳо идора  намудани мамлакат  кори давлатдоронро як дараҷа ба тартиб медаровард.  Зеро сардорони девонҳо  вазифаи дар наздашон бударо  бе таъхир иҷро мекарданд. Ба ғайр аз девони алоқа,  девонҳои дигар  ҳам ба ҳокимони маҳалҳо  ва ба хукумати марказӣ итоат мекарданд.

Хонаводаи Сомониён хамчун ахли хонаводаи Тахириён дар дарбори хилофат мақоми хоса доштанд. Асосгузори сулолаи Сомониён Сомонхудод писарони Асад баъди шўриши Рофеъ ибни Лайс ҳокими мулкҳои алоҳида; Нўҳ дар Самарқанд, Аҳмад дар Фарғона, Яҳё дар Чоч ва Илёс дар Ҳирот ҳоким таъин шуданд. Дар солхои 70-уми асри 1Х дар Мовароуннаҳр  ба майдони мубориза писарони Аҳмад Наср ва Исмоил баромаданд. Соли 888 Исоил бар болои бародараш ғалабаи комил ба даст овард. Соли 892 баъди марги Наср Исмоил ҳокими мутлақ эълон шуд. Замони ба сари қудрат омадан ва барҳамхўрии сулолаи Сомониёнро ба се двра тақсим кардан мумкин аст.

Давраи якум аз соли 817 огоз шуда соли 874 анҷом меёбад. Ин давра ибтидои муборизаҳои халқи барои истиқлолият ва ташкили давлати

мутамарказонида мебошад. Давраи дуюм аз соли 875 оғоз ёфта солҳои 60-уми асри X ба охир мерасад. (875-960). Намояндагони барҷастаи ин давра Исмоил ва Насри II ба ҳисоб мерафт. Солҳои 961-999. Дар ин давра амирони Сомони ба давлатдорӣ кам аҳмият дода лашкар ва идоракунии онро ба ихтиёри гуломони турк месупуранд, оқибат лашкари туркон дар барҳамхўрии давлати Сомониён мусоидат кардаанд.

Дар давраи ҳукмронии Исмоили Сомонӣ ва дигар ворисони ў хусусан наберааш Насри II ( 914-943) барои таъсиси лашкари доимӣ хизматҳои зиёде кардаанд. Лашкари Сомониён асосан аз ғуломони турки музофотҳои гирдуатрофи Мовароуннахр иборат буд.

Дар давраи ҳукмронии писари калонии Нўҳ Абдумалик (954-961) болоравии нуфузи сиёсии саркардагони ҳарбии гвардияи турк ва ба дасти онҳо гузаштани қариб тамоми корҳои идораи давлати ба амал меояд.

Хусусан сардори гвардияи турк Алптегин ба сифати Ҳоҷиби  бузург сар мебардорад. Абдумалик бидуни розигии ў ҳатто касеро ба маснади вазорат таъин карда наметавонист. Абдумалик аз афзудани нуфўзи Алптегин ба ташфиш афтода бо мақсади ўро аз пойтахт дур кардан соли 961 ҳокими Хуросонро ба ў супурд. Алптегин соли 962 ба Балх ҳуҷум оварда лашкари Амрро шикаст дод. Сипас ба тарафи Афгонистон рафта шаҳри Ғазна ва шимолу ғарбии Ҳиндустонро ба даст дароварда ҳокимияташро барқарор намуд. Танҳо пас аз марги Алптегин (с963) ба Мансур Ибни Нўҳ муяссар шуд, Ғазнаро боз ба зери итоати худ дарорад. Набудани якҷоягӣ ва низоҳои байнихудӣ боиси суст гардидани давлати Сомониён гардид. Бахусус муборизаи баъзе феодалон ва ҳокимон барои ҳокимият, исёнҳои пай дар пай давлати Самониёнро хеле суст карда буданд.

Дар давраи ба тахт нишастани Нўҳи II ибни Мансур (976-997) давлат рў ба таназул ниход. Ў ҳатто бар зидди душмани камқувватарин мубориза бурда наметавонист. Ҳатто баъзе ҳокимон бо душман забон як

карда бар зидди халқи худ яроқ мегирифтанд. Амсоли он ҳокими Хуросон Абўалии Симчурӣ, ки бо Қарохониён забон як карда аз фиристодани лашкар ба Мовароуннаҳр ба ёрии амири Сомонӣ даст кашид.

Дар сафи лашкар ягонаги набуд сабаб дар он буд, ки девони «Соҳиб- ул –ушрат» ба масъалаи аз ҳисоби тоҷикон тайёр намудани сарлашкарони  боистеъдод аҳамият намедоданд.

Лашкар, ки ҳалкунандаи тақдири давлат аст, дар дасти халқҳои аҷнабӣ буд, аз ин рў ба давлат хиёнат карданд. Сабаби дигар солҳои охир амирони Сомонӣ  зулму истибдод истисмори халқро пурзўр карда, аз ёри ва дастгирии онхо дур шуданд. Соли 999  Қарохониён бо сардории Насри Илокхон ҳуҷум карда пойтахти давлати Сомониён – Бухороро ғасб намуданд. Муборизаи Абўиброҳим Исмоил Мунтасир нишон дод, ки туркони қарахонӣ, ғазнавӣ, хоразмӣ, салҷуқӣ ва ғайра барои нест кардани давлати Сомониён иттифоқи мустаҳкам баста буданд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *