Фанни Таърих

Барпо гардидани Ҳокимияги Шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ

Нақша:

  1. Сарнагун намудани тартиботи амирӣ дар Бухоро ва ташкилёбии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро.
  2. Ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 1921-1924.
  3. Аморати Бухоро давлатии феодалии аз ҷиҳати иқтисодӣ ва сиёсӣ ақибмонда ба ҳисоб рафта, тобеи Русияи подшоҳӣ буд. Пеш аз Инқилоб дар хоки аморат ҳамагӣ 60 корхонаҳои на чандон калони саноатӣ мавҷуд буд, ки дар онҳо намояндагони мардуми маҳаллӣ — тоҷикон, ӯзбекон, туркманҳо ва русҳо кор мекарданд.

Зиёда аз 90 фоизи тамоми аҳолӣ дар хоҷагии қишлоқ машғул буда, амир, амалдорони вай, бойҳо ва рӯҳониён ба қисми зиёди замин ва чорво соҳибӣ мекарданд. Мардикорон, чоряккорон ва деҳқонони камзамин қисми асосии аҳолии деҳотро ташкил медоданд. Бухорои Шарқӣ, ки аҳолии он асосан тоҷикон буданд, вилояти ниҳоят ақибмондаи аморати Бухоро ба шумор мерафт. Дар Бухорои Шарқӣ монанди тамоми аморат ҳамаи ҳокимият дар дасти феодалҳою рӯҳониён буд, ки ба онҳо амири Бухоро сарварӣ мекард. Порахӯрӣ ва авомфиребӣ дар байни амалдорони аморат ҳодисаи муқаррарӣ буданд, ки ин боиси норозигии мардуми заҳматкаш мегардид. Аҳолии аморат аз ҷумла Бухорои Шарқӣ ӯҳдадор буданд, ки андозҳои гуногуни сершумор диҳанд. Қисми зиёди аҳолии Бухорои Шарқӣ ва пеш аз ҳама аҳолии маҳалҳои баландкӯҳ ҳар сол ба муддати якчанд моҳ дар ҷустуҷӯи кор ба шаҳрҳои кишвари Туркистон ва шаҳрҳои марказии аморат мерафтанд, ки аҳволи онҳо ҳам хуб набуд.

Шӯриши мусаллаҳона ба муқобили ҳукумати амир огоз гардид. Кумитаи Муваққатии Инқилобӣ, ки дар рафти шӯриш барпо шуда буд, аз номи «меҳнаткашон»-и Бухоро ба ҳукумати Русияи шӯравӣ муроҷиат карда, аз вай илтимос кард, ки ба меҳнаткашони Бухоро ёрӣ расонад. 28 август қӯшунҳои ҷабҳаи Туркистон бо сардории М.В.Фрунзе ба «ёрии» халқи Бухоро меояд.

Аз 29 август то 2-уми сентябр ёздаҳ адад аэропланҳо барои забти Бухорои Кӯҳна 59 маротиба, ё худ 79 соат парвоз намуда, 170 бомбаи вазни умумиаш 123 пуд ва 3 пуд варақаҳои ташвиқотӣ партофтаанд (Н.Ҳотамов).

2 сентябр, соати 10-и пагоҳӣ Арки Бухоро аз тарафи аскарони сурх забт карда шуд. Хазинаи амир, ки дар тагхонаҳо буданд (яъне тиллою нуқраҳои зиёд) ба ихтиёри аскарони сурх гузашт.

Ҳамин тавр, муҳосираи панҷрӯзаи (29 август — 2 сентябр) Бухорои Кӯҳна бо забти он аз тарафи аскарони сурх ба охир расид. Худи ҳамон рӯз сарвари фронти Туркистон М.В.Фрунзе аз Самарқанд ба Москва бо мазмуни зерин телеграмма фиристод: «Қалъаи Бухорои Кӯҳна бо ҷидду ҷаҳди якҷояи қисмҳои сурхи Бухоро ва қисмҳои мо имрӯз бо ҳуҷум гирифта шуд». Вале амалан дар ин амалиёт «ҷидду ҷаҳди» қисмҳои сурхи Бухоро дида нашуд, яъне амалиёт, асосан аз тарафи аскарони сурх иҷро гардид.

Ҳамин тавр, то охири сентябри соли 1920 дар тамоми сарзамини Бухорои Шарқӣ ва Ғарбӣ тартиботи амирӣ барҳам дода шуд ва ҳокимият ба ихтиёри Кумитаҳои Инкилобӣ гузашт.

6 октябр анҷумани якуми Умумибухороии намояндагони халқ кушода шуд, ки он дар бораи Ҷумҳурии Халқии Шӯравӣ эълон карда шудани Бухоро (ҶХШБ) карори таърихӣ қабул кард.

Хулоса, тартиботи амирӣ сарнагун карда шуд, ҳукумати нави халқӣ арзи ҳастӣ намуд, вале ҳукумати нав бо сабаби дар Бухорои Шарқӣ ҳанӯз пойдор будани тартиботи амирӣ он кадар мустаҳкам набуд.

31 августи соли 1920, яъне як рӯз пеш аз забти Бухорои Кӯҳна амир Саид Олимхон ба Бухорои Шарқӣ гурехт ва Душанберо маркази нави худ қарор дод. Вай пешакӣ ба Англия ва ба дигар давлатҳо ба маблағи даҳҳо миллион сӯм чизҳои кимматбаҳо равон карда буд. Амир роҳи гурезро пеш гирифта, ба амалдорони худ фармуда буд, ки роҳи оҳан, анборҳо ва дигар биноҳои исттоҳҳоро вайрон кунанд ва бо ҳамин ба хочагии мамлакат зарари калон расонд.

Ҳукумати ҶХШ Бухоро ба ҳукумати Русияи Шӯравӣ муроҷиат карда, аз вай илтимос кард, ки барои ин манбаи аксулинқилобро барҳам додан кӯмаки ҳарбӣ расонад. Инак, аз кисмҳои дивизияи якуми савораи Туркистон ва қисмҳои ҳарбии инкилобии ҶХШ Бухоро дастаи махсусе ташкил карда шуд, ки он дар таърих бо номи дастаи эъзомияи Ҳисор машҳур аст.

Дастаи эъзомияи ҳарбии Ҳисор 17 декабри соли 1920 амалиёти чангии худро бо сардории Марсов сар кард. Он дар аввал ба сӯи Бойсун, ки дарвозаи Бухорои Шарқӣ ҳисоб мешуд, ҳаракат кард. Дар моҳи январи соли 1921 Бойсун ва гирду атрофи он аз дастаҳои ҳарбии амир комилан озод карда шуд. Дар Бойсун Ҳокимияти Шӯравӣ барқарор гардид. 15 феврал дар Деҳнав, ки қисмҳои ба амир содиқ буда дар он ҷо ҷойгир буданд, бо аскарони сурх сахт ҷангиданд. Пас аз ғалаба артиши сурх ба водии Ҳисор ҳаракат намуда, 16 феврал ба осонӣ Юрчӣ ва Сариосиёро ишғол кард. Баъди он аскарони даста ба Деҳнав баргаштанд, зеро кӯшунҳои амир дар Ҳисору Қаротог мавқеъ пайдо карда буданд. Амир Олимхон бо мақсади гирифтани пеши роҳи аскарони сурх ба ин самт қувваҳои иловагӣ, аз чумла дастаи аксулинқилобчиёни Фарғонаро бо сарварии Кӯри Шермат ва дастаи ду ҳазорнафараи лақайҳо бо сардории Иброҳимбекро фиристонд. Ин қӯшунҳо аз Деҳнав баромада ба сӯи Регар ҳаракат карданд ва дар қисми аввали ҳамон рӯз ин мулкҳоро ба даст дароварданд. 20 феврали соли 1921 дар наздикии Ҳисор ҷанги сесоатаи сахттарин байни аскарони сурх ва қӯшунҳои амир ба амал омад. Ин ҷанг ҳам ба фо- идаи аскарони сурх анҷом ёфт. Талафоти аскарони сурх хеле зиёд буд. Ҳамон рӯз аскарони сурх Ҳисор ва Қаротоғро ба даст дароварданд.

Амир Олимхон 20 феврали соли 1921 баробари шунидани хабари мағлубияти назди Ҳисор, бо наздикони худ ва сесад шутури пурбор ба сӯи Кӯлоб, гӯё «барои зиёрати мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ» гурехт. У ҳангоми гурехтан Иброҳимбек ва Давлатмандбиӣро вазифадор намуд, ки пеши роҳи аскарони сурхро гиранд. Вале, гурехтани амир аскарони дар Душанбе гузоштаашро водор намуд, ки аз муқобилияти минбаъда сар кашанд. Ин имконият дод, ки бригадаи якуми савора бо сардории Мелкумов 21 феврал соати 10-и пагоҳ  Душанберо бемуқобилият ба даст дарорад.

Дар тамоми маҳалҳое, ки аскарони сурх ба даст дароварда буданд, аз ҷумла дар Регар, Ҳисор, Қаротоғ ва Душанбе кумитаҳои инқилобӣ ташкил карда шуданд ва ҳокимият ба ихтиёри онҳо гузашт.

Муқобилияти аскарони амирӣ баъди аз даст рафтани Душанбе ҳам идома дошт. Вале онҳо ба муҳорибаҳои калони ҷиддӣ ҷуръат накарда, ба маҳалҳои гуногуни Бухорои Шарқӣ пароканда шуда, муборизаро идома доданд.

Аскарони сурх баъди ишғоли Душанбе ба ду самт: яке ба самти водии Вахш ва дигаре ба самти Кӯлоб ҳаракат карданд. Қисмҳое, ки ба самти водии Вахш ҳаракат мекарданд, 24 феврал Қӯргонтеппа, 26 феврал Қабодиён ва 9 март Сарой Қамарро аз аксулинқилобчиён озод намуданд. Дар ин самт қисмҳои аскарони амирӣ ба аскарони сурх муқобилияти сахт нишон дода натавонистанд. Аз ҳамин сабаб ҳам дар муддати кӯтоҳ, яъне аз 24 феврал то 9 март дар тамоми водии Вахш тартиботи шӯравӣ барпо карда шуд ва ҳокимият дар ин мулкҳо низ ба ихтиёри кумитаҳои инқилобӣ гузашт. Минбаъд аскарони сурх амалиёти худро ба сӯи Кӯлоб давом дода, Фархор, Чубекро озод карда ба Кӯлоб расиданд.

Қисми дигари аскарони сурх, ки ба самти Кӯлоб ҳаракат мекар- данд, аниқтараш барои дастгир намудани амири гуреза мешитофганд, 23 феврал Кофарниҳон ва  24 феврал Файзободро ба даст дароварданд. Ин маҳалҳо дар навбати худ барои ҳаракат кардан ба сӯи Кӯлоб ва Қаротегин нуқтаҳои муҳимтарин ба ҳисоб мерафтанд. Амир ҳам ҳангоми гурехтан аз болои ҳамин маҳалҳо гузашта ба во- ситаи кӯпруки Пули Сангин (ҳозира ҷои истгоҳи барқии Норак) дарёи Вахшро убур намуда, ба Кӯлоб гурехт.

Амир Олимхон ҳангоми гурехтан, аз қафои худ тамоми кӯпрукҳо, аз он ҷумла кӯпруки Пули Сангинро вайрон кард. Чунин ҳолат ҳаракати қисмҳои аскарони сурхро душвор гардонид. Барои аз нав барқарор намудани Пули Сангин 9 март аз Душанбе мутахассисон фиристода шуданд. Барқарор намудани кӯпрук дар ҳолати муракка- би ҷангӣ идомаи тирпарронии тарафайн мегузашт.

Аз Файзобод қисмҳои аскарони сурх боз ба ду самт: ба самти Қаротегин ва ба самти Кӯлоб тақсим шуданд.

Қисмҳое, ки ба самти Қаротегин ҳаракат мекарданд, 13 март ба роҳ баромаданд ва 16 март Оби гармро ба даст дароварданд. Сипас ба сӯи Ғарм ҳаракат карданд. Дар наздикии Ғарм муҳорибаи сахттарин ба вуқӯъ пайваст. Дар он ҷо ба муқобили қисмҳои аскарони сурх дастаи Кӯри Шермат ва қӯшунҳои Фузайл Махсум меҷангиданд. Ин муҳориба низ ба фоидаи аскарони сурх анҷом ёфт. Кӯри Шермат бо дастаҳои боқимондаи худ боз ба Фарғона гурехт. Аскарони сурх 23 март бе муқобилияти ҷиддӣ дохили Ғарм шуданд. Дар Ғарм ҳам кумитаи инқилобӣ ташкил гардид. Охири моҳи март маркази бекигарии Дарвоз — Қалъаи Хумб ҳам ба дасти аскарони сурх гузашт. Дар ин ҷо ҳам кумитаи инқилобӣ ташкил ёфт. То 9 апрели ҳамон сол қисмҳои аскарони сурх бо сардории Мелкумов тамоми сарзамини бекигарии Қаротегин ва Дарвозро ба даст дароварданд.

14 марти соли 1921 баробари аз нав барқарор намудани кӯпруки Пули Сангин кисмҳои аскарони сурх амалиётро ба сӯи Кӯлоб давом доданд. Вақти аз дарёи Вахш гузаштани онҳо аскарони амирӣ, ки дар он тарафи дарё буданд, аз ҷангҳои ҷиддии минбаъда даст кашида, ба ҳар сӯ пароканда шуда рафтанд. Ин имконият дод, ки аскарони сурх аллакай рӯзи дигар, яъне 15 март соати 14-30 дақиқа Кӯлобро бе ҷанг ба даст дароранд. Вале амир Олимхон аллакай дар Кӯлоб набуд. Вай ҳанӯз 4 марти соли 1921 аз гузаргоҳи назди Чубеки дарёи Панҷ гузашта, ба хоки Афгонистон дохил шуд.

16 март дар Кӯлоб гирдиҳамоии серодам ба вучуд омад. Дар он ба ихтиёри кумитаи инқилобӣ гузаштани ҳокимият эълон карда шуд. Чунин кумитаҳо дар Мӯминобод (бо сардории Саидчон Назаров), Ховалинг (бо сардории Мирҷон Акобиров), Сари Хосор ва дигар чойҳо ташкил ёфт. Вале ташкил намудани кумитаи инкилобӣ дар Балҷувон нисбатан кашол ёфт. Зеро беки Балҷувон Давлатмандбиӣ аз мавқеи худ истифода бурда, ба муқобили аскарони сурх муборизаро давом дод, аммо вай ҳам дурудароз истодагарӣ карда натавонист. 20 март қисмҳои аскарони сурх Балчувонро ба даст дароварда, дар он ҷо ҳам кумитаи инқилобиро ташкил карданд.

Њамин тавр, моҳҳои феврал-апрели соли 1921 дар натичаи амалиёти ҷангии аскарони сурхи дастаи эъзомияи Ҳисор дар тамоми сарзамини Бухорои Шаркӣ тартиботи амирӣ барҳам дода шуд ва ҳокимият ба ихтиёри кумитаҳои инқилобӣ гузашт, яъне Ҳокимияти Шӯравӣ дар ин кишвари дурдасги собиқ аморати Бухоро хам барқарор гардид.

  1. Ҳангоми сарнагун намудани тартиботи амирӣ ва бунёди тартиботи нав, дар Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) ва дар Бухорои Шарқӣ мардум ба чунин тағйиротҳои ҷиддӣ ҳанӯз омода набуданд. Аз тарафи дигар ҳангоми амалиётҳои ҷангии кисмҳои аскарони сурх урфу одат ва махсусан эътиқоди динии мардуми маҳаллӣ ба эътибор гирифта нашуд. Илова бар ҳамаи ин аз вазъият истифода бурда, гурӯҳҳои гуногун ба ғорати молу мулки мардум машғул мешуданд.

Иброҳимбек баъди шикастхӯрӣ дар самти Кӯлобу Балҷувон дастаҳои худро аз ҳисоби лақайҳо зиёд намуда барои ба по хезондани боқимонда мардуми лақай ва мардуми водии Ҳисор мекӯшад. У якчанд вақт дар Султонобод истода баъд ба сӯи деҳаи Мавлоно ҳаракат кард ва ин манзилро «пойтахти давлат»-и худ эълон кард. 22 сентябри соли 1921 дастаҳои босмачиёни Иброҳимбек ба муҳосираи Душанбе сар карданд. 13 октябри соли 1921 аскарони сурх Иброҳимбекро шикаст доданд ва Мавлоноро ишғол карданд.

Дар чунин вазъият иғвои Анварпошо ба амал омад. Дар солҳои ҷанги якуми чаҳонӣ ӯ ҷонишини вазири ҳарбии Туркия дар ҳукумати ҷавонтуркон буд. Дар натичаи инқилоб ҳукумати ҷавонтуркон сарнагун карда шуд. Ба сари ҳокимият Камолпошо (Отатурк) омад. Халки турк Анварпошоро ҳамчун ҷосуси империализми немис аз мамлакат ронданд. Баъдан ӯ моҳи октябри соли 1921 ба Бухоро омад. Сарварони Ҷумҳурии Бухоро ӯро хуш қабул карданд. Анварпошо онҳоро бовар кунонид, ки барои ором намудани вазъи Бухорои Шарқӣ кӯмак хоҳад кард. Албатта аз мақсади асосии ин иғвогар на ҳамаи аъзоён ва сарварони бонуфузи ҳукумати Бухоро хабардор буданд. Вале аз эҳтимол дур нест, ки сарварони баландпояи ҶХШ Бухоро раиси КИМ Шӯроҳо — Усмонхӯҷа Пӯлодхоҷаев, нозири маъмурияти милитсия полковники турк Али Ризо ва дигарон аз нақшаҳои ӯ ба хубӣ хабар доштанд. Бинобар ин ба вай як даста саворагони мусаллаҳи содиқро дода, ба Бухорои Шаркӣ (ноябри соли 1921) гусел карданд. Амир Олимхон Анварпошоро сарфармондеҳи «лашкари ислом» таъйин намуд.

Дар охирҳои моҳи декабри соли 1921 якчанд ҳазор нафар босмачиён бо фармони Анварпошо Душанберо ба иҳота гирифта онро қариб ду моҳ дар муҳосира нигоҳ доштанд. Ҳуҷумҳои пай дар паи босмачиёни сершумор, тамомшавии хӯрока аҳволи гарнизонро хеле душвор намуд.

Ҳайати фармондеҳии Шӯравӣ бинобар душвор гардидани вазъияти харбию сиёсиро ба инобат гирифта, аз охири моҳи январи соли 1922 сар карда қӯшунҳоро ба сӯи Тирмизу Бойсун равона кард. Қисмҳои полки 7-уми тирандоз, ки Душанберо мудофиа мекарданд, 14 феврал шаҳрро тарк карда, ба сӯи Бойсун ақиб нишастанд. Ҳамин тариқ, кисми зиёди Бухорои Шарқӣ ба дасти босмачиёни Анварпошо гузашт.

Анварпошо ва шариконаш дар ҷойҳои ишгол кардаашон тартиботи давраи амириро ҷорӣ карданд, ба ҳамон касоне, ки ба аскарони сурх ёрӣ мерасониданду хайрхоҳи Ҳокимияти Шӯравӣ буданд ваҳшиёна ҷазо медоданд.

Дар Бухорои Шарқӣ аз сари нав бекиҳо — бекигарии Балҷувон бо сардории Давлатмандбий, бекигарии Дарвоз бо сардории Эшони Султон, бекигарии Душанбе бо сардории Иброҳимбек ташкил карда шуданд. 19 майи соли 1922 Анварпошо ба Ҳукумати Шӯравӣ ултиматум (талабнома) фиристода талаб кард, ки давлати монархистии дар Осиёи Миёна ташкил карда истодаи вайро эътироф намояд ва дар давоми 15 рӯз кисмҳои аскарони сурхро аз хоки ҶХШ Бухоро, ҶХШ Хоразм ва ҶМШС Туркистон барорад.

Мочарои Анварпошо хавфи калон дошт ва барои барҳам додани он чораҳои таъҷилию катъӣ дидан зарур буд.

Дар як вақт қисми дигари аскарони сурх (каноти рост) Ҷиликӯл, Қӯрғонтеппа ва 17 июл Кӯлобро гирифта гузаргоҳи дарёи Панҷро аз Чубек то Баҳорак ишғол карданд. Дар натиҷа пеши роҳи Анварпошо барои ба Афгонистон гурехтан баста шуд. Анварпошо аз ин воқеа огоҳ гардида аз Қӯргонтеппа ба сӯи Сангтӯда ҳаракат кард. Бо ҳамроҳии ӯ дастаи Балҷувон бо сардории Давлатмандбий низ буд. Дар назди Сангтӯда ҷанги сахттарин ба амал омад. Анварпошо шикаст хӯрда ба сӯи Балҷувон гурехт. 17-20 июл дар Балҷувон ҷанги шадиде рӯй дод. Анварпошо тақрибан бо 500 нафар аскарони содиқаш ба сӯи деҳаи Обдара ақиб гашта, 4 август дар наздикии ин деҳа дар ҷанги охирин ҳалок гардид.

Давраи иғвои Анварпошшо (ноябри 1921 — августи соли 1922) нуқтаи баландтарини ҳаракати зиддишӯравӣ (босмачигарӣ) дар сарзамини Бухорои Шарқӣ ба ҳисоб меравад. Баъди маҳви Анварпошо ин ҳаракат рӯ ба пастравӣ ниҳод. Яъне дастаҳои босмачиён дар сарзамини Бухорои Шарқӣ пурра маҳв нашуда, балки пароканда гардида буданд. Инак, августи соли 1922 амир Олимхон иғвогари дигар, афсари дигари турк Салимпошоро вориси Анварпошо эълон карда, ба Бухорои Шарқӣ фиристод.

Баъди барҳам додани моҷарои Салимпошо ва Фузайл Махсум тӯдаҳои босмачиён дар солҳои 1923-1924 асосан дар атрофи Иброҳимбек ҷамъ шуданд.Иброҳимбек дар моҳи сентябри соли 1923 аз дарёи Вахш гузашта боз дар Лақай пайдо шуд.

Иброҳимбек Лақайро ба такягоҳи аксулинқилобчиён табдил дода, дастаҳои босмачиёни дар дигар маҳалҳо сарбардоштаро ба зери фармондеҳии худ дароварда, дар Бухорои Шарқӣ муборизаро ба муқобили Ҳукумати Шӯравӣ давом медиҳад. Вале ӯ нақшаҳои худро амалӣ карда натавонист ва пай дар пай ба маҷлубият дучор гашт.

Қисмҳои аскарони сурх 25 сентябри соли 1925 дар Ятимтоғ ном маҳалли Лақай ба муқобили қувваҳои асосии Иброҳимбек задухӯрди калон сар карданд. Иброҳимбек дар рафти ин муҳориба 500 касро талаф дода, аввал ба Боботоғ ва сонӣ аз он ҷо ба тарафи Сурхандарё гузашта рафт.

Иброҳимбек аз хориҷа аскар оварда аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ гирифта, тӯдаи босмачиёни худро ба чор ҳазор нафар расонид ва охири тобистон амалиёти фаъолона сар кард. Баҳори соли 1926 да- стаҳои босмачиёни Иброҳимбек, ки дар кӯҳҳои Балҷувон қарор гирифта буданд, кӯшиш карданд, ки дар тамоми вилояти Кӯлоб амал кунанд. Аммо Иброҳимбек дар назди Ховалинг шикаст хӯрда дар аввалҳои моҳи апрели соли 1926 ба соҳили рости дарёи Вахш гузашта, ба кӯҳҳои Қаротоғ гурехт.

Ҳамин тавр, то соли 1926 қувваҳои асосии аксулинқилобчиён аз ҷониби дастаҳои сурх ва ихтиёриён комилан барҳам дода шуд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Як шарҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *