Фанни Ҳуқуқи Иқтисодӣ

Ҳифзи ҳуқуқӣ аз рақобати бевиҷдонона

Рақобати бевиҷдонона як шакли вайрон намудани қонунгузорӣ оид ба рақобат мебошад. Истилоҳи «рақобати бевиҷдонона» дар қонунгузории Ватанӣ бинобар ҳамроҳшавии СССР дар соли 1965 ба Конвенсияи Парижии соли 1883 оид ба ҳимояи моликияти саноатӣ мавриди истифода қарор дода шуда буд.

Рақобати бевиҷдонона — ҳама гуна амали субъектҳои хоҷагидор мебошад, ки барои ба даст овардани афзалият дар фаъолияти соҳибкорӣ равона шудааст ва хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва метавонанд ба дигар субъектҳои хоҷагидорӣ — рақибон зарар расонад ё расонидааст ё обрӯи кории онҳоро паст мегардонад (қ 8 м. 3 Қонун «Дар бораирақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол»).

Ҳамин тариқ рақобати бевиҷдонона чунин аломатҳоро дорад:

Якум, ҳамагуна амали субъекти хоҷагидорист, ки барои ба даст овардани афзалият дар фаъолияти соҳибкорӣ равона карда шудааст;

Дуюм, ҳамагуна амалест, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;

Сеюм, амалест, ки метавонад ба субъектони соҳибкорӣ зарар расонад ё аллакай зарар расонидааст[1];

Чорум, амалест, ки обрӯи кории субеъектҳои хоҷагидориро паст намудааст.

Дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» ба чунин шаклҳои рақобати бевиҷдонона ишора рафтааст:

— паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, носаҳеҳ ё таҳрифшуда, ки боиси зарар ба дигар субъектҳои хоҷагидор мегардад ё обрӯи кориашонро паст мезанад;

— ба иштибоҳ гузоштани истеъмолкунандагон оиди хусусият, тарз, ҷои истеҳсол ва хосиятҳои истеъмолию сифатӣ ва миқдори мол ё истеҳсолкунандагони он, аз ҷумла, рекламаи мол (кор, хизматрасонӣ), ки ба талаботи сифат ҷавобгӯ намебошад:

— муқоисаи номуносиби молҳои истеҳсолшаванда ва фурӯхташавандаи як субъекти хоҷагидор бо субъектҳои хоҷагидори дигар (аз ҷумла дар ҷараёни тарғибу ташвиқ);

— гирифтан, истифода бурдан, ошкор сохтани иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ ё хизматӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзгардида;

— истифодаи худсаронаи аломатҳои мол, номи фирмавӣ ё нишонгузорӣ, инчунин нусхабардории борҷома ва намуди моли субъекти хоҷагидори дигар, ки метавонанд рақибонро аз фаъолияти соҳибкориашон маҳрум созад;

— дахолат кардан ба фаъолияти соҳибкорӣ, додани имтиёзҳои гуногуни моддӣ ба кормандони субъектҳои хоҷагидори рақобаткунанда бо мақсади ба тарафи худ кашидану моил сохтани онҳо ба иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ;

— ҳама гуна амале, ки воқеан метавонад дастрас будани бозорро хеле маҳдуд кунад. Рақобати бевиҷдонона, ки барои ғайриқонунӣ ба даст овардан ва истифода бурдани ҳуқуқҳои истисноӣ ба воситаҳои инфиродкунонии шахсони ҳуқуқӣ, инфиродкунонии маҳсулот, корҳои иҷрошаванда ё хизматрасонӣ нигаронида шудааст, иҷозат дода намешавад.

Ҳамин тариқ, рақобати бевиҷдонона ҳодисаи ғайриқонунӣ буда, исботи ногузирии он баҳри васеъкардани истеҳсолот, ҷойҳои нави корӣ ва дигар мақсадҳои оммавӣ раво нест[2]1.

Қарори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ марбут ба вайрон кардани муқаррарот дар бобати инфиродикунонии маҳсулот, корҳои иҷрошаванда ё хизматрасонӣ барои ҳалли масъалаҳои пеш аз мӯҳлат қать намудани амали бақайдгирии объекти ҳуқуқҳои истисноӣ ё дар мавриди беэътибор эътироф намудани бақайдгирии ин объект бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аломатҳои мол, аломатҳои хизматрасонӣ ва номгӯи маҳалли пайдоиши молҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатии соҳаи патентҳо ва аломатҳои мол фиристода мешавад.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *