Фанни Андоз

Тавсифи системаи ҳозиразамони андозбандӣ дар ҶТ

Системаи андози ҶТ – ин маҷмўи андозҳое мебошанд, ки ба воситаи қонунҳои амалкунанда, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оиди тартиби ҷорӣ намудан, ҳисоб кардан, рўёнидан ва бекор кардани онҳо муқаррар карда мешаванд ва ба танзим дароварда мешаванд.

Сохтори системаи андоз аз рўи сохти иҷтимоӣ – иқтисодии давлат, вазифаҳои он муайян карда мешавад. Гузариши иқтисодиёти ҶТ ба муносибатҳои бозорӣ талаб намуд, ки системаи мукаммали андозбандии шаҳрвандон ва корхонаҳо ташкил дода шавад.

Системаи андози мукаммал номгўи андозҳо, принсипҳои ташкил намудан ва фаъолияти системаи андози ҶТ, тартиби муқаррар намудан, тағйир додан, бекор кардан ва ҷамъ овардани андозҳо, инчунин вазъи ҳуқуқии мақомоти андоз, агентҳои андоз, андозсупорандагон, иҷрои ўҳдадориҳои андозӣ аз тарафи онҳо, кашидан ба ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкунии андозӣ ва шикоят кардан аз амали ё беамалии мақомоти андоз ва шахсони мансабдори он ифода мекунанд.

Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ дар ҶТ системаи андоз аз нав ташаккул дода шуд. Дар солҳои аввал системаи андози ҷумҳурии мо аз рўи системаи андози Федератсияи Русия барпо гардид. Асосҳои қонунгузории андозбандӣ бо қабули Кодекси андози ҶТ дар соли 1998 тағйир ёфтанд ва ин як қадам ба инкишофи системаи андозбандӣ ба ҳисоб меравад, чунки баъди қабули Кодекси андоз он дар асоси қонунҳо устувор гардида, амал мекунанд. Қабули Кодекси андоз ба системаи андозбандӣ устувориро фараҳам оварда, якчанд маротиба тағйироту иловаҳо дохил гардида, он ба шароитҳои муосир нисбатан мутобиқ шудааст.

Ҳоло системаи андози ҶТ аз андозҳои зерин иборат мебошад:

  1. Андозҳои умумидавлатӣ
      1. Андоз аз даромади шахсони воқеӣ
      2. Андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ
      3. Андоз аз арзиши иловашуда (ААИ)
      4. Андози замин
      5. Аксизҳо
      6. Андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад
      7. Андозҳои иҷтимоӣ
      8. Андоз аз истифодабарандогони қаъри замин
      9. Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард
      10. Боҷи давлатӣ
      11. Боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ
      12. Андоз аз даромад
      13. Роялти барои об
      14. Андоз аз маҳсулоти коркарди молӣ
      15. Андоз аз фурўш (нахи пахта ва аллюминии аввалиндараҷа )
      16. Андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ
      17. Дигар пардохтҳои ҳатмии умумидавлатӣ
  2. Андозҳои маҳаллӣ:
      1. Андоз аз амволи ғайриманқул
      2. Андоз аз сохибони воситаҳои нақлиёт
      3. Андоз аз фурўши чакана
      4. Дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *